507. НАПАЗИРУФТАНИ ГУШТОСП БОЖИ ЭРОН АРҶОСПРО
Чу чанде баромад бар ин рӯзгор,
Ҳуҷаста шуд он ахтари шаҳрёр.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир,
Ки дар дини мо ин набошад ҳужир,
Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин,
На андархур ояд ба ойину дин.
На бошам бар ин низ ҳамдостон,
Ки шоҳони мо дар гаҳи бостон.
Ба туркон надодаст кас божу сов
Ба Эрон набудшон ҳама тӯшу тов.
Бипазруфт Гуштосп, гуфто, ки низ
Нафармоямаш додан аз бож чиз.
Пас огоҳ шуд наррадеве аз ин,
Ҳам андар замон шуд сӯи шоҳи Чин.
Бад-ӯ гуфт, к-эй шаҳрёри ҷаҳон,
Ҷаҳон яксара кеҳтарону миҳон
Ба ҷо овариданд фармони ту,
Наёяд касе пеши пайкони ту.
Магар пури Лӯҳросп Гуштоспшоҳ,
Ки орад ҳаме сӯи туркон сипоҳ.
Бикард ошкоро ҳама душманӣ,
Або чун ту шаҳ кард оҳарманӣ.
Маро сад ҳазорон савор аст беш,
Ҳама гар бихоҳӣ, биёрам-т пеш.
Биё, то шавем аз паси кори ӯй,
Нигар, то натарсӣ зи пайкори ӯй,
Чу Арҷосп бишнид гуфтори дев,
Фуруд омад аз гоҳ турконхидев.
Аз андӯҳи ӯ сусту бемор шуд,
Зи шоҳи ҷаҳон пур зи тимор шуд.
Пас он гаҳ ҳама мӯбандонро бихонд,
Шунида сухан пеши эшон биронд.
Бидонед гуфто, к-аз Эронзамин
Бишуд фарраи эзаду пок дин.
Яке пир пеш омадаш сар-сарӣ
Ба Эрон ба даъвии пайғамбарӣ.
Ҳаме гӯяд аз осмон омадам,
Зи назди Худои ҷаҳон омадам.