508. НОМА НАВИШТАНИ АРҶОСП ГУШТОСПРО
Бар ин истоданд гурдони Чин,
Ду тан низ карданд аз эшон гузин.
Яке номи ӯ Бедирафши Бузург,
Гави пир ҷодуи синасутург.
Дигар ҷодуе, номи ӯ Номхост,
Ки ҳаргиз дилаш ҷуз табоҳӣ нахост,
Яке нома бинвишт хубу ҳужир
Сӯи номвар хусрави динпазир.
Нахустин ба номи Худои ҷаҳон,
Шиносандаи ошкору ниҳон
Набиштам ман ин номаи шоҳвор,
Чунон чун бувад дархури шаҳрёр.
Сӯи гурд Гуштосп - шоҳи замин,
Сазовори гоҳ он каи б-офарин.
Гузину меҳин пури Лӯҳроспшоҳ,
Худованди гетӣ, нигаҳдори гоҳ.
Аз Арҷосп солори гурдони Чин,
Саворе ҷаҳонгиру гурди гузин.
Набишт андар он номаи хусравӣ
Накӯ офарин бар хати пеғавӣ,
Ки эй номвар пури шоҳи ҷаҳон,
Фурӯзандаи тахти шоҳаншаҳон,
Сарат сабз боду тану ҷон дуруст,
Мабодат каёнӣ камаргоҳ суст!
Шунидам, ки роҳе гирифтӣ табоҳ,
Ба худ рӯзи равшан бикардӣ сиёҳ.
Биёмад яке пири мардумфиреб,
Туро дил пур аз бим карду ниҳеб.
Сухан гуфт аз дӯзаху аз биҳишт,
Ба дил-т - андарун тухми зуфтӣ бикишт.
Ту ӯро пазируфтиву дин-шро,
Биёростӣ роҳу оин-шро.
Бияфкандӣ ойини шоҳони хеш,
Бузургони гетӣ ки буданд пеш.
Табаҳ кардӣ он паҳлавӣ кешро,
Чаро нангаридӣ пасу пешро?
Ту фарзанди онӣ ки фархунда шоҳ
Бад-ӯ дод тоҷ аз миёни сипоҳ.