Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

509. ПАЙҒАМБАРОН ФИРИСТОДАНИ АРҶОСП ГУШТОСПРО

Чу пардохт аз нома дастури шоҳ Ба пеши ҳама меҳтарони сипоҳ, Фарозаш навардиду кардаш нишон, Бидодаш бад-он пири ҷодуфишон. Бифармудашон гуфт бихрад бувед, Ба айвони ӯ бо ҳам андаршавед. Чу ӯро бубинед бар тахту гоҳ, Кунед он замон хештанро дутоҳ. Бар оини шоҳон намозаш баред, Ба пешу паси тахти ӯ мангаред. Чу ҳарду нишинед дар пеши ӯй, Сӯи тоҷи тобанда доред рӯй. Бигӯед пайғоми фаррух-шро, Аз ӯ гӯш доред посух-шро. Чу посух-шро сар ба сар бишнавед, Заминро бибӯседу берун шавед. Шуд аз пеши ӯ кинавар Бедирафш, Сӯи Балхи бомӣ кашидаш дурафш. Або ёри ӯ хирасар Номхост, К-аз ӯ бифканад он ки ӯ ном хост. Чу аз шаҳри Турон ба Балх омаданд, Ба даргоҳи ӯ - бар пиёда шуданд. Пиёда бирафтанд, то пеши ӯй Бад-он остона ниҳоданд рӯй. Чу рӯяш бидиданд бар гоҳ - бар. Чу хуршед буд аз бари моҳ - бар. Ниёиш намуданд чун бандагон Ба пеши каёншоҳи фархундагон. Бидодандаш он номаи хусравӣ, Навишта бар ӯ бар хати пеғавӣ. Чу шоҳи ҷаҳон номаро боз кард, Барошуфту печидан оғоз кард. Бихонд он замон зуд Ҷомоспро, Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро. Гузинони Эрону испаҳбадон, Меҳони ҷаҳондидаву мӯбадон. Бихонд он ҳама мӯбадон пеши хеш, Биёвард Устову бинҳод пеш.