510. ПОСУХ ДОДАНИ ЗАРИР АРҶОСПРО
Ҳам он гаҳ чу гуфт ин сухан шаҳрёр,
Зарири сипаҳдору Исфандёр
Кашиданд шамшеру гуфтанд, агар
Касе бошад андар ҷаҳон сар ба сар,
Ки напсандад ӯро ба пайғамбарӣ,
Сар андарнаёрад ба фармонбарӣ,
Наёяд ба даргоҳи фархунда шоҳ,
Набандад миён пеши зебанда гоҳ,
Нагирад аз ӯ роҳу дини беҳӣ,
Мар ин дини беҳро набошад раҳӣ,
Ба шамшер ҷон аз танаш барканем,
Сарашро ба дори барин бар кунем.
Сипаҳдори Эрон, ки номаш Зарир,
Набарда далере чу дарранда шер,
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-«Эй номдор,
Чу дастур бошад маро шаҳрёр,
Ки посух кунам ҷоду Арҷоспро»,
Писанд омад ин шоҳ Гуштоспро.
«Ҳало, - гуфт, - бархезу посух-ш кун,
Николи тагинони Халлух-ш кун».
Зариру гаронмоя Исфандёр,
Чу Ҷомосп дастури фархундакор
Зи пешаш бирафтанд ҳар се ба ҳам,
Шуда рух пур аз чину дилҳо дижам.
Навиштанд нома ба Арҷосп зишт,
Ҳам андархури он куҷо ӯ навишт.
Зарири сипаҳбад гирифташ ба даст,
Чунон ҳам кушода бибурдаш, набаст
Сӯи шоҳ бурду бар ӯ - бар бихонд,
Ҷаҳондор Гуштосп хира бимонд.
Зи доно сипаҳбад Зарири савор,
Зи Ҷомоспв-аз пураш Исфандёр.
Бубасту навишт аз бараш номи хеш,
Фиристодагонро бихонданд пеш.
Бигиред гуфто, бари ӯ баред,
Магар з-ин сипас роҳи ман наспаред.
Агар нестӣ андар Устову Занд,
Фиристодагонро зинҳор аз газанд,