Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

511. БОЗГАШТАНИ ФИРИСТОДАГОНИ АРҶОСП БО ПОСУХИ ГУШТОСП

Сухан чун ба сар бурд шоҳи замин, Сипаҳбад-шро хонду кард офарин. Супурдаш бад-ӯ, гуфт бардорашон, Аз Эрону ин марз бугзорашон. Фиристодагони сипаҳдори Чин Зи пеши ҷаҳондор шоҳи замин Бирафтанд ҳарду шуда хоксор, Ҷаҳондорашон рондаву карда хор. Аз Эрони фаррух ба Халлух шуданд, Валекин ба Халлух на фаррух шуданд. Чу аз дур диданд айвони шоҳ, Зада бар сараш -бар дурафши сиёҳ, Фуруд омаданд аз чаманда сутур, Шикаста дилу чашмҳо гашта кӯр. Пиёда бирафтанд то пеши ӯй, Сияҳшон равону шуда зард рӯй. Бидодандаш он номаи шаҳрёр, Ба посух навишта Зарири савор. Дабираш мар он номаро баркушод, Бихондаш бар он шоҳи пеғунажод. Навишта дар он номаи шаҳрёр, Сароҳанги мардон набарда савор. Расид он навишта фурӯ моявор, Ки бинвишта будӣ бари шаҳрёр. Шунидему диди суханҳо, куҷо Набудӣ ту мар гуфтанашро сазо. На бинвиштанӣ буд, на бинмуданӣ, На бархонданӣ буд, на ушнуданӣ. Чунин гуфта будӣ ту то чанд гоҳ, Сӯи кишвари хуррам орам сипоҳ. На ду моҳ бояд ҳаме, на чаҳор, Ки мо худ биёрем шерони кор. Ту бар хештан - бар маяфзой ранҷ, Ки мо худ кушоем дарҳои ганҷ, Биёрем гурдон ҳазорон ҳазор, Ҳама кордида, ҳама номдор. Ҳама Эраҷизодаи паҳлавӣ, На Афросиёбиву на пайғавӣ.