Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

512. ГИРД ОВАРДАНИ ГУШТОСП ЛАШКАРИ ХУДРО

Чу огоҳӣ омад ба Гуштоспшоҳ, Ки солори туркони Чин бо сипоҳ Биёросту ҷунбид аз ҷои хеш, Хашоши далераш фиристод пеш. Сипаҳбад-шро гуфт: Фардо пагоҳ Биёрой пилон, биёвар сипоҳ! Сӯи марздорон-ш нома навишт, Ки Хоқон раҳи роду мардӣ биҳишт. Биёед яксар ба даргоҳи ман, Ки бар марз бугзашт бадхоҳи ман. Чу нома сӯи родмардон расид, Ки омад ҷаҳонҷӯй душман падид, Сипоҳе биёмад ба даргоҳи шоҳ, Ки чандон набуд бар замин - бар гиёҳ. Зи баҳри ҷаҳондор шоҳи каён Бубастанд гурдони гетӣ миён. Ба даргоҳи хусрав ниҳоданд рӯй Ҳама марздорон ба фармони ӯй. Наёмад бар ин - бар басе рӯзгор, Ки омад ба даргаҳ ҳазорон ҳазор. Фароз омада буд мар шоҳро, Каи номдори накӯхоҳро. Ба лашкаргаҳ омад, сипаҳро бидид, Ҳар он кас ки шоиста буд, баргузид. Аз он шодмон гашт фархунда шоҳ, Дилаш гашт хира зи чандон сипоҳ. Дигар рӯз Гуштосп бо мӯбадон, Радону бузургону испаҳбадон Кушод он дари ганҷи пур карда Ҷам, Бидод ӯ сипаҳро дусола дирам. Чу рӯзӣ бубахшиду ҷавшан бидод, Бизад ною кӯсу буна барниҳод. Бифармуд бурдан ба пеши сипоҳ Дурафши ҳумоюни фархунда шоҳ. Сӯи разми Арҷосп лашкар кашид, Сипоҳе ки ҳаргиз чунон кас надид. Зи торикии гарду аспу сипоҳ Касе рӯзи равшан надиду на моҳ.