Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

513. ГУФТАНИ ҶОМОСП АНҶОМИ РАЗМ БО ГУШТОСП

Чу Аз Балхи бомӣ ба Ҷайҳун расид, Сипаҳдор лашкар фуруд оварид. Бишуд шаҳрёр аз миёни сипоҳ, Фуруд омад аз аспу бар шуд ба гоҳ. Бихонд он замон шоҳ Ҷомоспро, Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро. Сари мӯбадон буду шоҳи радон, Чароғи бузургону испаҳбадон. Чунон поктан буду покизаҷон, Ки будӣ бар ӯ ошкоро ниҳон. Ситорашиносе гаронмоя буд, Або ӯ ба дониш киро поя буд. Бипурсид аз ӯ шоҳу гуфто: «Худой Туро дини беҳ доду покиза рой. Чу ту нест андар ҷаҳон ҳеч кас, Ҷаҳондор дониш туро доду бас. Бибояд-т кардан зи ахтар шумор, Бигӯӣ ҳама мар маро рӯи кор, Ки чун бошад анҷому фарҷоми ҷанг, Киро пеш хоҳад буд ин ҷо диранг». Наёмад-ш хуш пир Ҷомоспро, Ба рӯи дижам гуфт Гуштоспро, Ки эй кошкӣ Эзади додгар Надодӣ маро ин хирад в-ин ҳунар. Маро гар набудӣ хирад, шаҳрёр, Накардӣ зи ман буданӣ хостор. Бигӯям ман ин в-ар нагӯям ба шоҳ, Кунад мар маро шоҳи шоҳон табоҳ. Ҷаҳондор гуфто: «Ба номи Худой, Бад-ин номи диновари покрой, Ба ҷони Зарир он набарда савор, Ба ҷони гаронмоя Исфандёр, Ки ҳаргиз ба рӯи ту ман бад кунам, На фармоямат бад, на ман х(в)ад кунам. Ту ҳарч андар ин кор донӣ бигӯй, Ки ту чорадониву ман чораҷӯй». Хирадманд гуфт: «Эй гаронмоя шоҳ, Ҳамеша ба ту тоза бодо кулоҳ!