Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

514. ЛАШКАРҲО ОРОСТАНИ ГУШТОСП ВА АРҶОСП

Чу Ҷомосп гуфташ сапеда дамид, Фурӯғи ситора шуда нопадид. Аз он ҷо хиромид то размгоҳ, Фуруд оварид он гузида сипоҳ. Ба гоҳе ки боди сапедадамон Ба кох орад аз боғ бӯи гулон, Фиристод бар ҳар гӯе дидабон, Чунон чун буд оини озодагон. Биёмад савореву гуфташ ба шоҳ, Ки «Шоҳо, ба наздикӣ омад сипоҳ. Сипоҳест, эй шаҳрёри замин, Ки ҳаргиз чунон н-омад аз Турку Чин. Ба наздикии мо фуруд омаданд, Ба кӯҳу дару дашт хайма заданд». Сипаҳдорашон дидбон баргузид, Фиристоду дида ба дида расид. Пас озод Гуштосп шоҳи далер Сипаҳбад-шро хонд фаррух Зарир. Дурафше бад-ӯ доду гуфто: «Битоз, Биёрой пилону лашкар бисоз!» Сипаҳбад бишуд лашкараш рост кард, Ҳама разми солори Чин хост кард. Бидод он ҷаҳондор панҷаҳ ҳазор Савори гузида ба Исфандёр. Бад-ӯ дод як даст аз он лашкараш, Ки шерӣ дилаш буду пилӣ бараш. Дигар даст лашкар-шро ҳамчунин Сипоҳе биёрост хубу гузин. Ба гурди гиромӣ супурд он сипоҳ, Ки фарзанди ӯ буду ҳамтои шоҳ. Куҷо шоҳ Шедасп хондиш ном Сарафрозу гарданкашу шодком. Чу панҷаҳ ҳазор аз савори далер Сипаҳбад-шро дод фаррух Зарир, Бад-ӯ дод лашкар миёни сипоҳ, Ки шери жаён буду ҳамтои шоҳ. Паси пушти лашкар ба Настур дод, Чароғи сипаҳдори фаррухнажод.