515. ОҒОЗИ РАЗМИ ЭРОНИЁНУ ТУРОНИЁН ВА КУШТА ШУДАНИ АРДАШЕРУ ШИРӮ ВА ШЕДАСП
Чу андаргузашт он шабу гашт рӯз,
Битобид хуршеди гетифурӯз,
Ба зин барнишастанд ҳарду сипоҳ,
Ҳаме дид аз он кӯҳ Гуштоспшоҳ.
Чу аз кӯҳ дид он шаҳи б-офарин,
Ки андарнишастанд гурдон ба зин,
Сияҳранг Беҳзодро пеш хост,
Ки гуфтӣ кӯҳи Бесутун аст рост.
Бар ӯ барфиканданд баргустувон,
Бар ӯ барнишаст он гави паҳлавон.
Чу сафҳои гурдон биёростанд,
Ялон ҳамнабардон ҳаме хостанд.
Бикарданд як тирборон нахуст
Ба сони тагарги баҳорон дуруст.
Бирафт офтоб аз ҷаҳон нопадид,
Чӣ донад касе, к-он шигифтӣ надид?
Бипӯшида шуд чашмаи офтоб
Зи пайконҳои дурафшон чу об
Ту гуфтӣ ҳаво абр дорад ҳаме
В-аз он абр алмос борад ҳаме.
В-аз он гурздорону найзаварон,
Ки метохтандӣ бар ину бар он,
Ҳаво з-ин ҷаҳон буд шабгун шуда,
Замин сарбасар пок пурхун шуда.
Биёмад нахуст он савори ҳужир
Пуси шаҳрёри ҷаҳон - Ардашер.
Ба овардгоҳ рафт чун пили маст,
Ту гуфтӣ магар Туси испаҳбад аст.
Бад-ин сон ҳаме гашт пеши сипоҳ,
Набуд огаҳ аз бахши хуршеду моҳ.
Биёмад яке новакаш бар миён,
Гузоранда шуд бар силеҳи каён.
Зи бӯр - андар афтод хусрав нагун,
Тани покаш олуда шуд, пур зи хун.
Дареғ он накӯрӯи тобон чу моҳ,
Ки бозаш надид он хирадманд шоҳ.
Биёмад пас озода Шерӯ чу гард,
Дилаш гашт пурхуну рухсор зард.