516. КУШТА ШУДАНИ ГИРОМӢ ПУРИ ҶОМОСП ВА НЕВЗОР
Биёмад пас аз сарварони сипоҳ,
Пуси Таҳм Ҷомосп дастури шоҳ.
Набарда саворе Гиромиш ном,
Ба монандаи пури Дастони Сом.
Яке ҷармае барнишаста саманд,
Накӯ гомзан бораи бегазанд.
Ба пеши сафи чиниён истод,
Худованди додорро кард ёд.
«Кадом аст, гуфт, аз шумо шердил,
Ки ояд сӯи найзаи ҷонгусил?
Куҷо бошад он ҷодуи хешком,
Куҷо Номхост аз ҳазорон-ш ном»?
Бирафт он замон пеши ӯ Номхост,
Бар он асп гуфтӣ, ки кӯҳа-ст рост.
Бигаштанд ҳарду савори ҳужир,
Ба гурзу ба найза, ба шамшеру тир,
Гиромӣ гаве буд бо зӯри шер,
Натобид бо ӯ савори далер.
Гирифт аз Гиромӣ набарда гуреғ,
Ки зӯри каён диду бурранда теғ.
Гиромӣ хиромид бо хашми тез,
Дил аз кинаи хастагон пурситез,
Миёни сафи душман - андар фитод,
Пас аз домани кӯҳ бархост бод.
Сипоҳ аз ду сӯ дар ҳам овехтанд,
Пас аз домани кӯҳ бархост бод.
Сипоҳ аз ду сӯ дар ҳам овехтанд,
Яке гарди тира барангехтанд.
Бад-он шӯриш андар миёни сипоҳ,
Аз он захми шамшеру гарди сиёҳ
Бияфтод аз дасти эрониён
Дурафши фирӯзандаи ковиён.
Гиромӣ бидид он дурафши чу нил,
Ки афканда буданд аз пушти пил,
Фуруд омаду баргирифташ зи хок,
Бияфшонд аз ӯ хоку бистурд пок.
Чу ӯро бидиданд гурдони Чин,
Ки он найзаи номдори гузин