Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

517. КУШТА ШУДАНИ ЗАРИР - БАРОДАРИ ГУШТОСП АЗ ДАСТИ БЕДИРАФШ

Ду ҳафта баромад бар ин корзор, Ки ҳазмон ҳаме тезтар гашт кор. Ба пеш андаромад Зарири далер, Саманди бузург андароварда зер. Ба лашкаргаҳи душман андарфитод, Чу андар гиё оташи тезу бод. Ҳаме кушт аз эшону мехобанид, Бари ӯ наистод, ҳар к-аш бидид. Чу Арҷосп донист, к-он пури шоҳ Басе номдорон, ки кардаш табоҳ, Бад-он лашкари хеш овоз дод, Ки «Барбод хоҳед Халлух ба бод. Ду ҳафта баромад бар ин-бар диранг, Набинам ҳаме рӯи фарҷоми ҷанг. Бикарданд гурдони Гуштоспшоҳ, Басе номдорони лашкар табоҳ. Кунун андаромад миён-тон Зарир, Чу гурги дижогоҳу дарранда шер, Бикушташ ҳама пок мардони ман, Сарафроз туркону гурдони ман. Яке чора бояд сиголидано, Вагарна раҳи турк молидано, Ки ин гар бидорад замоне чунин, На Оёс монад, на Халлух, на Чин. Кадом аст мард аз шумо номхоҳ, Ки ояд падид аз миёни сипоҳ? Яке мардворе хиромад ба пеш, Ханида кунад дар ҷаҳон номи хеш? Мар ӯро диҳам духтари хешро, Супорам бад-ӯ лашкари хешро». Сипоҳаш надоданд посух-ш боз, Битарсида буд лашкараш з-он гуроз. Пас он гаҳ даромад чу гурги жаён Зарири сипаҳбад, ҷаҳонпаҳлавон. Чу шер андарафтоду чун пили маст Ҳаме куштанову ҳаме кард паст. Чу Арҷосп дид, он замон хира шуд, Ки рӯзи сапедаш ҳаме тира шуд.