Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

518. ОГОҲӢ ЁФТАНИ ИСФАНДЁР АЗ КУШТА ШУДАНИ ЗАРИР

Пас огоҳӣ омад ба Исфандёр, Ки кушта шуд он шоҳзода савор. Падар-т аз ғами ӯ бикоҳад ҳаме, Кунун кини ӯ хост хоҳад ҳаме. Гави номвар даст бар даст зад, Чӣ пиҳон кунад гуфт ҳангоми бад. Чун ӯро ба разм-андарун дидаме, Ҳамеша аз ин рӯз тарсидаме. Дареғо саворо, гаво, меҳтаро, Ки бахташ ҷудо кард тоҷ аз саро. Кӣ кушт он шаҳи пил Настӯҳро, Кӣ канд аз замин оҳанин кӯҳро? Дурафшу паси лашкару ҷои хеш Бародар-шро доду худ рафт пеш. Ба қалб - андар омад, миёнро бубаст, Гирифт он дурафши ҳумоюн ба даст. Бародар-ш буд панҷ зебои гоҳ, Ҳама номдорону ҳамтои шоҳ. Ҳама истоданд дар пеши ӯй, Ки лашкаршикастан будӣ кеши ӯй. Ба озодагон гуфт пушти сипоҳ, Ки «Эй номдорону пурони шоҳ, Нигар, то чӣ гӯям, накӯ бишнавед, Ба дини Худои ҷаҳон бигравед. Бидонед шоҳон, ки рӯзест ин, Ки баддин падид ояд аз покдин. Нигар, то натарсед аз маргу чиз, Ки кас безамона намурдаст низ. Вагар гашт хоҳад ҳаме рӯзгор, Чӣ некӯтар аз марг дар корзор. Шумо аз паси куштагон мангаред, Маҷӯед фарёду сар машмаред. Нигар, то набинед бугрехтан, Нигар, то натарсед аз овехтан. Сари найзаҳоро ба разм афканед. Замоне бикӯшеду мардӣ кунед, Агар кор бандед фармони ман, Бимонад бад-ин колбуд ҷони ман,