519. РАФТАНИ ИСФАНДЁР БА ҶАНГИ АРҶОСП
Чу Исфандёр он гави пилтан,
Худованди аврангу босаҳм тан
Аз он кӯҳ бишнид бонги падар
Ба зорӣ ба пеш - андар афканд сар.
Хиромиду найза ба чанг-андарун,
Зи шарми падар сар фиканда нагун.
Яке дизае барнишаста баланд,
Ба сони яке деви ҷаста зи банд.
Бад-он лашкари душман андарфитод,
Чунон к-андарафтад ба гулбарг бод.
Ҳаме кушт аз эшону сар мебурид,
Зи бимаш ҳаме мурд, ҳар к-аш бидид.
Ва Настур пури Зарири савор,
Зи хайма хиромид зӣ аспдор.
Яке аспи осудаи тезрав,
Ҷаҳанда яке кӯҳу оганда хав.
Бихосташ аз он аспдори падар,
Ниҳод аз бари ӯ яке зини зар.
Биёросту баргустувон барфиканд,
Ба фитрок баст он каёнӣ каманд.
Бипӯшид ҷавшан, бар-ӯ барнишаст,
Ба майдон хиромиду найза ба даст
Аз он сӯ хиромид то размгоҳ,
Сӯи боби кушта ҳаме ҷуст роҳ.
Ҳаме тохту он бораро тез кард,
Ҳаме охт кина, ҳаме кушт мард.
Аз озодагон ҳар кӣ дидӣ ба роҳ,
Бипурсидӣ аз номдори сипоҳ.
Куҷо уфтодаст гуфтӣ Зарир,
Падар-м он набарда савори далер?
Яке мард буд, номи ӯ Ардашер,
Савори гаронмояи гурдгир.
Бипурсид аз ӯ роҳ фарзанди хурд,
Сӯи бобакаш роҳ бинмуд гурд.
Фикандаст, гуфто, миёни сипоҳ,
Ба наздикии он дурафши сиёҳ.
Бирав зуд, к-он ҷо фитодаст ӯй,
Магар боз биниш якбора рӯй.