520. КУШТАНИ НАСТУР ВА ИСФАНДЁР БЕДИРАФШРО
Бидодаш бад-ӯ шоҳ Беҳзодро,
Сияҳ, ҷавшану хӯди пӯлодро.
Писар шоҳи кушта миёнро бубаст,
Сияҳранг Беҳзодро барнишаст.
Хиромид то дар миёни сипоҳ,
Нишаста бар он хубранги сиёҳ.
Ба пеши сафи душманон истод,
Ҳаме баркашид аз ҷигар сард бод.
«Манам, - гуфт, -Настур пури Зарир,
Пазира наёяд маро наррашер.
Куҷо бошад он ҷодуи Бедирафш,
Ки ӯ дорад он ковиёнӣ дурафш?»
Чу посух надоданд озодро,
Барангехт шабранг Беҳзодро.
Бикушт аз тагинони лашкар басе,
Пазира наёмад мар ӯро касе.
В-аз ин сӯи дигар гав Исфандёр
Ҳаме кушташон бемару бешумор.
Чу солори Чин дид Настурро,
Каёнтухмаву паҳлавон пурро,
Ба лашкар бигуфт: «Ин кӣ шояд будан,
К-аз ин сон ҳаме найза донад задан?
Бикушт аз ташнони ман бешумор,
Магар гашт зинда Зарири савор?!
Ки назди ман омад Зарир аз нахуст,
Бад-инсон ҳаме тохт бора дуруст.
Куҷо бошад он Бедирафши гузин,
Ҳам акнун сӯи ман-ш хонед ҳин.
Биёмад ҳам андар замон Бедирафш,
Гирифта ба даст он дурафши бунафш.
Нишаста бар он бораи хусравӣ,
Бипӯшида он ҷавшани паҳлавӣ.
Хиромид то назди Настуршоҳ,
Чароғи ҳама лашкару пури шоҳ.
Гирифта ҳамон теғи заҳробдор,
Ки афканда буд з-ӯ Зарири савор.
Бигаштанд ҳарду ба шамшеру тир,
Сари ҷодувон турку пури Зарир.