Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

521. ГУРЕХТАНИ АРҶОСП АЗ КОРЗОР

Чу боз оварид он гаронмоя кин, Бар аспи зарирӣ барафканд зин, Хиромид, то боз овардгоҳ Ба се баҳра кард он каёнӣ сипоҳ. Аз он баҳраеро ба Настур дод, Яли лашкарафрӯзи фаррухнажод. Дигар баҳраро бо бародар супурд, Бузургони Эрону мардони гурд. Севум баҳраро сӯи худ боз дошт, Ки чун абри ғурранда овоз дошт. Чу Настури гурданкаши поктан, Чу Нӯшозар, он паҳлави размзан Ҳам эдун бубастанд паймон бар ин, Ки гар теғи душман бидаррад замин, Нагардем зинда аз ин ҷанг боз, Надорем аз ин бадгумон чанг боз. Ба зин-бар бубастанд танг устувор, Бигуфтанду рафтанд зӣ корзор. Чу эшон фиканданд асп аз миён, Гавону ҷавонони эрониён Ҳама яксар аз ҷой бархостанд, Ҷаҳонро ба ҷавшан биёростанд. Аз эшон бикуштанд чандон савор, К-аз он танг шуд ҷои он корзор. Чунон хун ҳаме рафт бар кӯҳу дашт, К-аз он осиёҳо ба хун дарбигашт. Чу Арҷосп он дид, омад ба пеш Або номдорону мардони хеш. Гави гурдкуш найза андарниҳод Бар он наррадевони пайғунажод. Ҳаме дӯхт-шон синаҳо то ба пушт, Чунин то басе саркашонро бикушт. Чу донист хоқон ки мондасту бас, Наёрад шудан пеши ӯ низ кас. Сипаҳ ҷунб-ҷунбон шуду боз гашт, Ҳаме буд, то рӯз андаргузашт, Ҳам он гоҳ андар гурез истод, Бишуд, рӯяш андар биёбон ниҳод.