522. БАХШОИШ ЁФТАНИ ТУРКОН АЗ ИСФАНДЁР
Чу туркон бидиданд, к-Арҷосп рафт,
Ҳаме омад аз ҳар сӯе теғи тафт,
Ҳама саркашон худ пиёда шуданд,
Ба пеши гав Исфандёр омаданд.
Камонҳои туркӣ бияндохтанд,
Қабои набардӣ бурун охтанд.
Ба зориш гуфтанд: Агар шаҳрёр
Диҳад бандагонро ба ҷон зинҳор,
Ба дин-андар оему пурсиш кунем,
Ҳама озаронро парастиш кунем.
Пас озодагон ин суханро ба низ
Набардоштанд эч гуна ба чиз.
Заданд теғу куштанд аз эшон ҳаме,
Ҷаҳон шуд зи хуншон дурахшон ҳаме.
Чу овоз бишнид Исфандёр,
Ба ҷону ба тан додашон зинҳор.
Бад-он лашкари фаррух овоз дод,
Гави пилтан шоҳи хусравнажод,
Ки «Эй номдорони эрониён,
Бигардед аз ин лашкари чиниён.
Кунун к-ин сипоҳи адӯ гашт паст,
Аз ин пас зи куштан бидоред даст,
Ки бас зору хоранду бечоравор,
Диҳед ин сагонро ба ҷон зинҳор.
Бидоред даст аз гирифтан кунун,
Мабандед касро, марезед хун.
Матозеду ин куштагон маспаред,
Бигардеду он хастагон бишмаред.
Магиредашон баҳри ҷони Зарир,
Бар аспони ҷангӣ мапоед дер.
Чу лашкар шуниданд овои ӯй,
Шуданд аз бари хастагон б-орзӯй.
Ба лашкаргаҳи худ фуруд омаданд,
Ба пирӯзгаштан табира заданд.
Ҳама шаб нахуфтанд аз хуррамӣ,
Ки пирӯзие будашон рустамӣ.
Чу андаргузашт он шаби тирагун,
Ба дашту биёбон ҳаме рафт хун.