Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

523. БОЗОМАДАНИ ГУШТОСП БА БАЛХ

Каи номбардор фархунда шоҳ Сӯи гоҳ боз омад аз размгоҳ. Ба Настур гуфто, ки «Фардо пагоҳ Сӯи кишвари номвар каш сипоҳ». Гузида сипаҳбад ҳам аз бомдод Бизад кӯсу лашкар буна барниҳод. Ба Эронзамин боз карданд рӯй, Ҳама чирадил гаштаву размҷӯй. Мар он хастагонро бибурданд низ, Наҳиштанд аз он хаставу кушта чиз. Ба Эронзамин боз бурдандашон, Ба доно пизишкон супурдандашон. Чу шоҳи ҷаҳон боз шуд боз ҷой, Ба пури меҳин дод фаррух Ҳумой. Сипаҳро ба Настури фархунда дод, Аҷамро чунин буд оину дод. Бидодаш аз озодагон даҳ ҳазор Савори ҷаҳонҷӯву найзагузор. Бифармуду гуфт: «Эй гави найзабоз, Яке то бари шоҳи туркон битоз. Ба Оёсу Халлух ҳаме баргузар, Бикуш, ҳар кӣ ёбӣ ба кини падар». Зи ҳарч-аш бибоист, будаш ба кор, Бидодаш ҳама бемару бешумор. Ҳам он гоҳ Настур бурд он сипоҳ Ва шоҳи ҷаҳон аз бари тахту гоҳ Нишасту каӣ тоҷ бар сар ниҳод, Сипаҳро ҳама яксара бор дод. Дари ганҷ букшод в-аз хоста, Сипаҳро ҳаме кардаш ороста. Саронро ҳама шаҳрҳо дод низ, Касеро наҳишт эч нодода чиз. Киро подшоҳӣ сазо буд, бидод, Киро поя боист, поя ниҳод. Чу андархури корашон дод соз, Сӯи хонаҳошон фиристод боз. Хиромид бар гоҳу бора бубаст, Ба гоҳи шаҳаншоҳӣ - андар нишаст.