524. ФИРИСТОДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО БА ҲАМА КИШВАР ВА ДИНИ БЕҲ ГИРИФТАНИ ЭШОН АЗ Ӯ
Гави номбардори беҳрӯзгор
Нишаста ба тахти каи номдор,
Гузинони кишвар-шро бор дод,
Бузургону шоҳони меҳтарнажод.
Зи пеш андаромад гав Исфандёр
Ба даст - андарун гурзаи говсор.
Ниҳода ба сар-бар каёнӣ кулоҳ,
Ба зери кулоҳаш ҳаме тофт моҳ.
Биистод дар пеши вай бандафаш,
Сарафкандаву даст карда ба каш.
Чу шоҳи ҷаҳон рӯи ӯро бидид,
Зи ҷону ҷаҳонаш ҳаме баргузид.
Бихандид гуфт: «Эй ял Исфандёр,
Ҳаме орзу ноядат корзор?»
Яли теғзан гуфт: «Фармон турост,
Ки ту шаҳрёриву кайҳон турост».
Каи номвар тоҷи заррин-ш дод,
Дари ганҷҳоро бар ӯ баркушод.
Ҳама кори Эрон мар ӯро супурд,
Ки ӯро будӣ паҳлавӣ дастбурд.
Дурафше бад-ӯ доду ганҷу сипоҳ,
«Ҳанӯзат нашуд, - гуфт,-ҳангоми гоҳ».
Бад-ӯ гуфт поят ба зин-андар ор,
Ҳама кишваронро ба дин-андар ор.
Бишуд теғзан гурдкуш пури шоҳ
Ба гирди ҳама кишварон бо сипоҳ.
Ба Руму ба Ҳиндустон - бар бигашт,
Зи дарёву торикӣ андаргузашт.
Гузориш ҳаме кард Исфандёр
Ба фармони Яздону парвардгор.
Чу огаҳ шуданд аз накӯ дини ӯй,
Гирифтанд аз ӯ роҳу оини ӯй.
Мар ин дини беҳро биёростанд.
Аз ин дин гузориш ҳаме хостанд.
Бутон аз сари гоҳ месӯхтанд,
Ба ҷои бут оташ барафрӯхтанд.
Ҳама нома карданд зӣ шаҳрёр,
Ки мо дин гирифтем аз Исфандёр.