Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

525. БАДГӮӢ КАРДАНИ ГУРАЗМ АЗ ИСФАНДЁР

Чунин гуфт гӯянда, к-он рӯзгор, Ки шаҳ дод тоҷе ба Исфандёр. Яке саркаше буд, номаш Гуразм, Гави номбардори фарсударазм. Ба дил кин ҳаме дошт з-Исфандёр, Надонам чишон буд оғози кор. Шунидам, ки Гуштоспро хеш буд, Писарро ҳамеша бадандеш буд. Ҳар он ҷо ки овози ӯ омадӣ, Аз ӯ зишт гуфтиву таъна задӣ. Шаҳи номбардор рӯзе пагоҳ Нишаста ба ором дар базмгоҳ, Гузинони лашкар-шро бор дод, Бузургону шоҳони меҳтарнажод. Нишаста буд ӯ пеши фархунда шоҳ, Рух аз дард зарду дил аз кин сиёҳ. Фароз омад аз шоҳзода сухун, Нигар, то бадоҳу чӣ афканд бун. Ҳам он гаҳ яке даст бар даст зад, Чу душман бувад, -гуфт, - фарзанди бад, Фарозаш набояд кашидан ба пеш, Чунин гуфтамон мӯбади росткеш. Ки чун пур бо саҳм меҳтар шавад, Аз ӯ бобро рӯз бадтар шавад. Раҳӣ, к-аз худованд сар баркашид Аз андоза, пас сар-ш бояд бурид. Чу аз роздор ин сухан ҷуст боз, «Худованди ин роз ки в-ин чӣ роз?» Каён шоҳро гуфт норостгӯй, Ки ин роз гуфтан кунун нест рӯй. Шаҳи шаҳрёрон тиҳӣ кард ҷой, Фиребандаро гуфт: «Назди ман ой. Бигӯй ин ҳама сарбасар пеши ман, Ниҳон чист аз он аждаҳокеши ман?» Гуразми бадоҳуш гуфт: «Аз хирад Набояд ҷуз он чиз, к-андархурад. Маро шоҳ кард аз ҷаҳон бениёз, Сазад гар надорам ман аз шоҳ роз.