Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

526. ОМАДАНИ ҶОМОСП НАЗДИ ИСФАНДЁР

Бад-он рӯзгор андар Исфандёр Ба дашт-андарун буд барои шикор. Аз он дашт овоз додаш касе, Ки Ҷомоспро кард хусрав гусӣ. Чу он бонг бишнидаш, омад шигифт, Бупечиду хандидан андаргирифт. Писар буд ӯро гузида чаҳор, Ҳама хубрӯю набарда савор. Яке ном Баҳман, яке Меҳрнӯш, Севум Озарафрӯз гурди баҳуш. Чаҳорум варо ном Нӯшозаро, Ки бинҳод ӯ гунбади озаро. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Баҳман - писар, Ки «То ҷовидон сабз бодот сар!» Яке бодханда бихандид шоҳ, Наёбам ҳаме-андар он ҳеч роҳ. Бад-ӯ гуфт-«Пуро, дар ин рӯзгор, Кас омад маро аз бари шаҳрёр. Зи ман хусрав озор дорад ҳаме, Дилаш аз раҳӣ бор дорад ҳаме». Гаронмоя фарзанд гуфто: «Чаро, Чӣ кардӣ бад-ин хусрави кишваро?» Шаҳи шаҳрёрон бигуфт: «Эй писар, Гуноҳе надонам ба ҷои падар. Магар он ки то дин биёмӯхтам, Ҳаме дар ҷаҳон озар афрӯхтам. Ҷаҳон вижа кардам ба бурранда теғ, Чаро дорад аз ман ба дил шоҳ реғ? Ҳамоно дилаш дев бифрефтаст, Ки бар бастани ман чунин шефтаст». Ҳаме то бад-ин - андарун буд шоҳ, Падид омад аз дур гарди сипоҳ. Чу аз дур дидаш зи кӯҳсор гард, Бидонист, к-омад фиристода мард. Пазира шудаш зуд фарзанди шоҳ, Чу диданд мар якдигарро ба роҳ, Зи аспи чаманда фуруд омаданд, Гаву пир ҳарду пиёда шуданд.