Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

527. БАНД КАРДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО

Чу огоҳ шуд шоҳ, к-омад писар, Кулоҳи каӣ барниҳода ба сар, Меҳону кеҳонро ҳама хонд пеш, Ҳамон Занд бинҳод дар пеши хеш. Ҳама мӯбадонро ба курсӣ нишонд, Пас он хусрави теғзанро бихонд. Биёмад гав(у) даст карда дароз, Ба пеш-андар омад, бибурдаш намоз. Биистод дар пеши ӯ бандафаш, Сарафкандаву дастҳо зери каш. Шаҳи хусравон гуфт бо мӯбадон, Бад-он родмардону испаҳбадон. «Чӣ гӯед, -гуфто,-ки озодае Ба сахтӣ ҳаме парварад зодае. Ба ҳангоми шираш ба доя диҳад, Яке тоҷи заррин-ш бар сар ниҳад, Ҳаме дорадаш, то ки чира шавад, Биёмӯзадаш роҳу хира шавад, Басе ранҷ бинад гаронмоя мард, Саворӣ кунад озмуда набард, Пас озодзода ба мардӣ расад, Чунон чун зар аз кон ба зардӣ расад. Мар ӯро биҷӯянд ҷӯяндагон В-аз ӯ беш гӯянд гӯяндагон. Саворе шавад неку пирӯзи разм, Сари анҷуманҳо ба разму ба базм. Ҷаҳонро кунад яксара зери пай, Бибошад сазовори дайҳими кай. Чу пирӯз гардад, кашад ёлу шох, Падар пир гашта нишаста ба кох. Надорад падар ҷуз яке тоҷу тахт, Нишаста ба айвон нигаҳбони рахт, Писарро ҷаҳону дурафшу сипоҳ, Падарро яке тоҷи заррину гоҳ, Набошад бад-он низ ҳамдостон, Шунид аз шумо кас чунин достон, Зи баҳри яке тоҷу афсар писар Тани бобро дур хоҳад зи сар?!