528. РАФТАНИ ГУШТОСП БА СИСТОН ВА ЛАШКАР ОРОСТАНИ АРҶОСП БОРИ ДИГАР
Баромад басе рӯзгорон бар ӯй,
Ки хусрав сӯи Систон кард рӯй,
Ки он ҷо кунад Занду Усто раво,
Кунад мӯбадонро бад-он - бар гуво.
Чу он ҷо расид он гармонмоя шоҳ,
Пазира шудаш паҳлавони сипоҳ.
Шаҳи Нимрӯз он ки Рустам-ш ном,
Савора ҷаҳондида ҳамтои Сом.
Або пир Дастон, ки будаш падар,
Або меҳтарону гузинони дар
Ба роҳ овариданд ромишгарон,
Або рудҳо аз карон то карон.
Ба шодӣ пазира шудандаш ба роҳ,
Аз он шодмон гашт фархунда шоҳ.
Ба Зобул-ш бурданд меҳмони хеш,
Ҳама бандовар истоданд пеш.
Аз ӯ Занду Усто биёмухтанд,
Нишастанду оташ барафрӯхтанд.
Баромад бар ин меҳмонӣ ду сол,
Ҳаме хӯрд Гуштосп бо пури Зол.
Ба ҳар ҷо куҷо шаҳрёрон буданд,
Чу аз кори Гуштосп огаҳ шуданд,
Ки ӯ паҳлавони ҷаҳонро бубаст,
Тани пилвораш ба оҳан бихаст.
Ба Зобулситон шуд ба пайғамбарӣ,
Ки нафрин кунад бар бути озарӣ.
Бигаштанд яксар зи фармони ӯй,
Баҳам баршикастанд паймони ӯй.
Чу огоҳӣ омад ба Баҳман, ки шоҳ
Бубасташ падарро абар бегуноҳ,
Набарда гузинони Исфандёр
Аз он ҷо бирафтанд тимордор.
Ба пеши гав Исфандёр омаданд,
Каёнзодагон зору хор омаданд.
Мар ӯро ба ромиш ҳаме доштанд,
Ба зиндон-ш танҳо набугзоштанд.
Пас огоҳӣ омад ба солори Чин,
Ки моҳ аз камон омад андар камин.