529. АНҶОМ ШУДАНИ ГУФТОРИ ДАҚИҚӢ ВА БОЗ ОМАДАНИ ФИРДАВСӢ БА ГУФТОРИ ХУД БА СИТОИШИ ШОҲ МАҲМУД ВА НАКӮҲИШИ СУХАНИ ДАҚИҚӢ
Кунун, эй сухангӯи, бедормард,
Яке сӯи гуфтори худ боз гард,
Дақиқӣ расонид ин ҷо сухун,
Замона баровард умраш ба бун.
Рабудаш равон аз сарои сипанҷ,
Аз он пас ки бинмуд бисёр ранҷ.
Ба гетӣ намондаст аз ӯ ёдгор,
Магар ин суханҳои нопойдор.
Намонд ӯ, ки бурдӣ ба сар номаро,
Бирондӣ бар ӯ сар ба сар хомаро.
Зи Фирдавсӣ акнун сухан ёд гир,
Суханҳои покизаву дилпазир.
Чу ин нома афтод дар дасти ман,
Ба моҳӣ гироянда шуд шасти ман.
Нигаҳ кардам ин назму суст омадам,
Басе байт нотандуруст омадам.
Ман инро навиштам, ки то шаҳрёр
Бидонад сухан гуфтани нобакор.
Ду гавҳар буд ин бо ду гавҳарфурӯш,
Кунун шоҳ дорад ба гуфтор гӯш.
Сухан чун бад-ин гуна бояд-т гуфт,
Магӯю макун ранҷ бо табъ ҷуфт.
Чу банди равон биниву ранҷи тан,
Ба коне ки гавҳар наёбӣ, макан.
Чу табъе надорӣ чу оби равон,
Мабар даст зӣ номаи хусравон.
Даҳон гар бимонад зи хӯрдан тиҳӣ,
Аз он беҳ ки носоз хоне ниҳӣ.
Яке нома дидам пур аз достон,
Суханҳои он пурманиш ростон.
Фасона куҳан буду мансур буд,
Табоеъ зи пайванди ӯ дур буд.
Набурдӣ ба пайванди ӯ кас гумон,
Пурандеша гашт ин дили шодмон.
Гузашта бар ӯ солиён ду ҳазор,
Гар эдун ки бартар наёяд шумор.
Гирифтам ба гӯянда - бар офарин,
Ки пайвандро роҳ дод андар ин.