Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

530. ОМаДАНИ ЛАШКАРИ АРҶОСП БА БАЛХ ВА КУШТА ШУДАНИ ЛӮҲРОСП

Кунун разми Арҷоспро нав кунем, Ба табъи равон боғ бехав кунем. Чу Арҷосп огаҳ шуд аз кори шоҳ, Ки рафт ӯ сӯи Систон бо сипоҳ, Бифармуд, то Кӯҳрами теғзан Барад пеши солори Чин анҷуман. Ки Арҷоспро буд меҳтар писар, Ба хуршеди тобон бароварда сар. Бад-ӯ гуфт: «Бугзин зи лашкар савор Зи гурдони шоистаи корзор, Аз эдар бирав тозиён то ба Балх, Ки аз Балх шуд рӯзи мо тору талх. Нигар то киро ёбӣ аз душманон, Аз оташпарастону оҳарманон, Сароншон бибур, хонаҳошон бисӯз, Бар эшон шаб овар ба рахшанда рӯз. Аз айвони Гуштосп бояд, ки дуд Забона барорад ба чархи кабуд. Агар банд бар пои Исфандёр Бубинӣ, сар овар бар ӯ рӯзгор. Ҳамон гаҳ сарашро зи тан боз кун, Зи номи ту гетӣ пуровоз кун. Ҳама шаҳри Эрон ба коми ту гашт, Ту теғиву душман ниёми ту гашт. Ман акнун наҷӯям ба Халлух замон. Дамодам биёям пас - андар дамон. Бихонам сипоҳи парокандаро, Барафшонам ин ганҷи огандаро». Бад-ӯ гуфт Кӯҳрам, ки «Фармон кунам, Ба гуфтори ту ҷон гаравгон кунам». Чу хуршед теғ аз миён баркашид, Шаби тира з-ӯ доман андаркашид, Ба гирд омадаш халлухӣ сад ҳазор Гузида саворони ханҷаргузор. Биёвард Кӯҳрам ба Эрон сипоҳ, Замин гашт чун рӯи зангӣ сиёҳ. Чу омад бар он марз, букшод даст, Касеро ки дидӣ, ҳаме кард паст.