Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

531. ОГОҲ ШУДАНИ ГУШТОСП АЗ КУШТА ШУДАНИ ЛӮҲРОСП ВА ЛАШКАР КАШИДАН СӮИ БАЛХ

Зане буд Гуштоспро ҳушманд, Хирадманду донову рояш баланд. Аз охур чамон борае барнишаст, Ба кирдори туркон миёнро бубаст. Аз айвон раҳи Систон баргирифт В-аз он корҳо монда андар шигифт. Нахуфтӣ ба манзил, чу бардоштӣ, Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ. Чунин то ба наздики Гуштосп шуд, Ба огоҳиву дарди Лӯҳросп шуд. Бад-ӯ гуфт: «Чандин чаро мондӣ, Худ аз Балхи бомӣ чаро рондӣ? Сипоҳе зи Турон биёмад ба Балх, Ки шуд мардуми Балхро рӯз талх. Ҳама Балх пурғорату куштан аст В-аз эдар туро рӯи баргаштан аст». Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Ин ғам чарост. Ба як тохтан дарду мотам чарост? Чу ман бо сипоҳ андароям зи ҷой, Ҳама кишвари Чин надоранд пой». Чунин дод посух, ки «Ёва магӯй, Ки кори бузург омадастат ба рӯй. Шаҳаншоҳ Лӯҳросп дар шаҳри Балх Бикуштанду шуд рӯзи мо тору талх. В-аз он ҷо ба Нӯшозар андаршуданд Раду ҳирбадро ҳама сар заданд. Зи хуншон фурӯзанда оташ бимурд, Чунин бадкуниш хор натвон шумурд. Бибурданд пас духтаронат асир, Чунин кори душвор осон магир. Агар нестӣ ҷуз шикасти Ҳумой, Хирадмандро дил бирафтӣ зи ҷой. Дигар духтари шоҳ Беҳофарид, Ки боди ҳаво ҳаргиз ӯро надид, Ки аз тахти заррин-ш бардоштанд, Бар ӯ ёраву тоҷ нагзоштанд». Чу бишнид Гуштосп, шуд пур зи дард, Зи мижгон биборид хуноби зард.