Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

532. ҲАЗИМАТ ШУДАНИ ГУШТОСП АЗ АРҶОСП

Саранҷом Гуштосп бинмуд пушт, Бад-он гаҳ ки шуд рӯзгораш дурушт. Пас андар ду манзил ҳаме тохтанд, Мар ӯро гирифтан ҳаме сохтанд. Яке кӯҳаш омад ба раҳ пургиё, Бад-ӯ - андарун чашмаву осиё, Ки бар гирди он кӯҳ як роҳ буд В-аз он роҳ Гуштосп огоҳ буд. Бар он кӯҳ шуд доғдил бо сипоҳ Зи гурдон нишастанд чандин ба роҳ. Чу Арҷосп бо лашкар он ҷо расид, Бигардид, бар кӯҳ роҳе надид. Гирифтанд гирд-андараш чор сӯй, Чу бечора шуд шоҳи озодахӯй, Аз он кӯҳсор оташ афрӯхтанд, Бар он хора-бар хор месӯхтанд. Ҳаме кушт ҳар меҳтаре борагӣ, Ниҳоданд дилҳо ба бечорагӣ. Чу лашкар чунин гирдаш андаргирифт, Шаҳи пурманиш даст бар сар гирифт. Ҷаҳондида Ҷомоспро пеш хонд В-аз ахтар фаровон суханҳо биронд. Бад-ӯ гуфт, к-«Аз гардиши осмон Бигӯ он чӣ донӣ, ба пурсиш мамон, Ки бошад дар ин бад маро дастгир, Бибояд-т гуфтан ҳама ногузир». Чу бишнид Ҷомосп, бар пой хост, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй хусрави додрост, Агар шоҳ гуфтори ман бишнавад, Бад-ин гардиши ахтарон бигравад, Бигӯям ҳама, ҳар чӣ донам, бад-ӯй, Агар шоҳ донад маро ростгӯй». Бад-ӯ гуфт шоҳ «Он чӣ донӣ зи роз, Бигӯву мадор ин суханро дароз. Гар эдун, ки бар абр сояд сарам, Ҳам аз гардиши осмон нагзарам». Бад-ӯ гуфт Ҷомосп к-«Эй шаҳрёр, Сухан бишнав аз ман, яке гӯш дор.