533. РАФТАНИ ҶОМОСП БА ДИДАНИ ИСФАНДЁР
Яке моявар пури Исфандёр,
Ки Нӯшозараш хондӣ шаҳрёр,
Бад-он боми диж буд чашмаш ба роҳ
Бад-он, то ки ояд аз эронсипоҳ.
Падарро бигӯяд чу бинад касе,
Ба боло дирангаш набошад басе.
Чу Ҷомоспро дид, к-омад ба роҳ
Ба сар-бар яке нағз тӯрӣ кулоҳ,
Чунин гуфт, к-омад зи Турон савор,
Бипӯям, бигӯям ба Исфандёр.
Фуруд омад аз бораи диж давон,
Чунин гуфт, к-«Эй номвар паҳлавон,
Саворе ҳаме бинам аз дурроҳ,
Кулоҳе ба сар барниҳода сиёҳ.
Шавам, то бубинам, ки гуштоспист
Ва ё кинаҷӯй асту арҷоспист.
Ҳар он кас, ки ӯро бидидӣ ба роҳ,
Бипурсидӣ ӯро зи туронсипоҳ,
Ба овози туркӣ сухан рондӣ,
Бигуфтӣ ба он кас, ки ӯ хондӣ.
Надонистӣ ӯро касе кору бор,
Ки гуфтӣ ба туркӣ сухан ҳушёр.
Агар турк бошад, бибуррам сараш,
Ба хок афканам нобисуда бараш».
Чунин гуфт пурмоя Исфандёр,
Ки «Ин раҳгузар кам бувад бесавор,
Ҳамоно, к-аз Эрон яке лашкарӣ
Сӯи мо биёяд ба пайғамбарӣ!
Кулоҳе ба сар барниҳодаш падар
Зи бими далерони пархошхар».
Чу бишнид Нӯшозари паҳлавон,
Бар он бораи диж баромад давон.
Чу Ҷомосп танг андаромад зи роҳ,
Варо боз донист фарзанди шоҳ.
Биёмад, бигуфт ин ба фаррух падар,
Ки Ҷомосп омад ба наздики дар.
Бифармуд, то дар кушоданд боз,
Биёмад хирадманду бурдаш намоз.