Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

534. ДИДАНИ ИСФАНДЁР БАРОДАРИ ХУД ФАРШЕДВАРДРО

Шаб омад чу Аҳримани кинахоҳ, Хурӯши ҷарас хост аз боргоҳ. Бар он бораи хусравӣ барнишаст, Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба даст, Худу Баҳману Озари сарфароз Бирафтанд пӯён ба роҳи дароз. Варо роҳбар пеш Ҷомосп буд, Ки дастури фархунда Гуштосп буд. Аз он бораи диж чу берун шуданд, Саворони ҷангӣ ба ҳомун шуданд. Сипаҳбад сӯи осмон кард рӯй, Чунин гуфт, к-эй довари ростгӯй, Туӣ офаринандаи комгор, Фурӯзандаи ҷони Исфандёр, Гар эдун, ки пирӯз гардам ба ҷанг, Кунам рӯи гетӣ ба Арҷосп танг. Бихоҳам аз ӯ кини Лӯҳроспшоҳ, Ҳамон хуни чандон сари бегуноҳ. Бародар ҷаҳонбини ман сиву ҳашт, Ки аз хунашон лаъл шуд хоки дашт. Пазируфтам аз Эзади додгар, Ки кина нагирам зи банди падар. Ба гетӣ сад оташкада нав кунам, Ҷаҳон аз ситамгора бехав кунам. Набинад касе пои ман дар бисот, Магар дар биёбон кунам сад работ. Ба шаххе, ки каргас бар ӯ нагзарад, Бар ӯ гӯру нахчир пай наспарад, Кунам чоҳи об андар ӯ даҳ ҳазор, Нишонам дарахт аз бари чоҳсор. Бубахшам зи ганҷу дирам сад ҳазор Ба дарвешу ҳар к-ӯ бувад хостор. Ҳама бераҳонро ба дин оварам, Сари ҷодувон бар замин оварам. Парастиш кунам пеши Яздон ба пой, Набинад маро кас ба ором ҷой. Бигуфту ину бардошт аспи набард, Биёмад ба наздики Фаршедвард.