Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

535. РАСИДАНИ ИСФАНДЁР БАР КӮҲ БА НАЗДИ ГУШТОСП

Баромад бар он кӯҳи хоро фароз, Чу рӯи падар дид, бурдаш намоз. Падар доғдил буд, бар пой ҷаст, Бибӯсиду бистурд рӯяш ба даст. Бад-ӯ гуфт: «Яздонсипос, эй ҷавон, Ки дидам туро шоду равшанравон. Зи ман бар дил озору тундӣ мадор, Ба кинхостан ҳеч кундӣ мадор. Гуразм он бадандеш, бадхӯй мард, Дили ман зи фарзанди ман тира кард. Бад омад ба рӯяш зи гуфтори бад, Бад ояд ба марди бад аз кори бад. Пазируфтам аз кирдгори ҷаҳон, Шиносандаи ошкору ниҳон, Ки гар ман шавам шоду пирӯзбахт, Супорам туро кишвару тоҷу тахт. Парастишгаҳе бас кунам з-ин ҷаҳон, Супорам туро, он чӣ дорам ниҳон». Чунин посух овардаш Исфандёр, Ки «Хушнуд бодо зи ман шаҳрёр. Маро он бувад тахту ганҷу кулоҳ, Ки хушнуд бошад аз ин банда шоҳ. Ҷаҳондор донад, ки бар дашти разм Чу ман дидам афканда рӯи Гуразм, Бар-он марди бадгӯй гирён шудам, Зи дарди дили шоҳ бирён шудам. Кунун он чи бад буд бар мо, гузашт, Гузашта ҳама назди ман бод гашт. Аз ин пас чу ман теғи кин баркашам, В-аз ин кӯҳи хоро сар андаркашам, На Арҷосп монам, на Оёсу Чин, На Кӯҳрам, на Халлух, на Туронзамин», Чу лашкар бидонист, к-Исфандёр Зи банди гарон расту бад рӯзгор, Бирафтанд яксар гурӯҳогурӯҳ Ба пеши сипаҳдор бар бурзи кӯҳ. Бузургону бегонаву хеши ӯй Ниҳоданд сар бар замин пеши ӯй.