536. ФИРИСТОДАНИ ГУШТОСП ИСФАНДЁРРО БОРИ ДИГАР БА ҶАНГИ АРҶОСП
В-аз он пас биёмад ба пардасарой,
Зи ҳар гуна андохт бо шоҳ рой.
Зи Лӯҳросп в-аз кини Фаршедвард
В-аз он номдорони рӯзи набард.
Бад-ӯ гуфт Гуштосп, к-«Эй зӯрманд,
Туӣ шоддил, хоҳаронат ба банд.
Хунук он ки бар кинагаҳ кушта шуд,
На аз нанги туркон сараш гашта шуд.
Чу бар тахт бинанд моро нишаст,
Чӣ гӯяд касе к-ӯ бувад зердаст.
Бигӯям бар ин нанг, то зиндаам,
Ба мағз-андарун оташ огандаам.
Пазируфтам аз кирдгори баланд,
Ки гар ту ба Туронзамин бегазанд
Ба мардӣ шавӣ дар дами аждаҳо,
Кунӣ хоҳаронро зи туркон раҳо,
Супорам туро тоҷи шоҳаншаҳӣ,
Ҳамон ганҷи беранҷу тахти меҳӣ.
Чунин посух овардаш Исфандёр,
Ки бе ту мабинод кас рӯзгор.
Туро, эй падар, ман яке бандаам,
На аз баҳри шоҳӣ пижӯҳандаам.
Фидои ту дорам тану ҷони хеш,
Нахоҳам сари тахту фармони хеш.
Шавам, боз хоҳам зи Арҷосп кин,
Намонам бару буми Туронзамин
Ба тахт оварам хоҳаронро зи банд
Ба бахти ҷаҳондор шоҳи баланд».
Бар ӯ офарин кард Гуштосп, гуфт,
Ки «Бо ту хирад бод ҳамвора ҷуфт.
Ба рафтан-т Яздон паноҳи ту бод,
Ба бозомадан тахт гоҳи ту бод!
Бихонд он замон лашкар аз ҳар суве,
Зи ҷое ки буд мӯбаде ё гаве.
Гузин кард аз эшон даҳу ду ҳазор,
Саворони аспафкану номдор.
Бад-эшон бипардохт ганҷу дирам,
Накард эч дилро ба бахшиш дижам.