Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

537. ДОСТОНИ ҲАФТ ХОН СИТОИШИ ПОДШОҲ МАҲМУД

Кунун з-ин сипас ҳафт хон оварам, Суханҳои нағзу ҷавон оварам. Бигӯям ба таъйиди Маҳмудшоҳ Бад-он фарру он хусравонӣ кулоҳ. Бад-он кину доду бад-он разму базм, Бад-он амру наҳйу бад-он рою азм. Агар бахт якбора ёрӣ кунад, Бар ин табъи ман комгорӣ кунад, Ки шоҳи ҷаҳон ҷовидон зинда бод, Бузургони гетӣ варо банда бод! Чу хуршеди тобанда бинмуд чеҳр, Биёрост рӯи заминро ба меҳр. Ба бурҷи бара тоҷ бар сар ниҳод, Биёрост рӯи заминро ба меҳр. Пур аз гулғули раъд шуд кӯҳсор, Пур аз наргису лола шуд ҷӯйбор. Зи лола шикебу зи наргис фиреб, Зи сунбул ниҳебу зи гулнор зеб. Пуроташ дили абру пуроб чашм, Хурӯши муғанниву ҷастан ба хашм. Чу оташ барояд, биполояд об В-аз овози ӯ сар дарояд зи хоб. Чу бедор гардӣ, ҷаҳонро бубин, Ки дебост ё нақши Монӣ ба Чин. Чу рахшанда гардад ҷаҳон з-офтоб, Рухи наргису лола бинад пуроб. Бихандад, бигӯяд, ки эй шӯхчашм, Зи ишқи ту гирям, на аз дарду хашм. Нахандад замин, то нагиряд ҳаво, Ҳаворо нахонам кафи подшо, Ки борони ӯ дар баҳорон бувад, На чун ҳиммати шаҳрёрон бувад. Ба хуршед монад ҳаме дасти шоҳ, Чу андар ҳамал барфарозад кулоҳ. Агар ганҷ пеш ояд, ар хоки хушк В-агар оби дарёву гар дурру мушк, Надорад ҳаме рӯшноиш боз, Зи дарвешу аз шоҳи гарданфароз.