538. ХОНИ АВВАЛ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ДУ ГУРГРО
Сухангӯй деҳқон чу бинҳод хон,
Яке достон ронд аз Ҳафтхон.
Яке ҷоми заррин ба каф баргирифт,
Зи Гуштосп он гаҳ сухан даргирифт.
Зи Рӯиндижу кори Исфандёр,
Зи роҳу зи омӯзиши Гургсор.
Чунин гуфт, чун ӯ биёмад ба Балх,
Забону равон пур зи гуфтори талх.
Зи пеши падар рафт Исфандёр,
Сӯи роҳи Турон або Гургсор.
Ҳаме ронд, то пешаш омад ду роҳ,
Саропардаву хайма зад бо сипоҳ.
Бифармуд, то хон биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Бирафтанд гурдони лашкар ҳама,
Нишастанд бар хони шоҳи рама.
В-аз он пас бифармуд, то Гургсор
Шавад хастадил пеши Исфандёр.
Бифармуд, то ҷоми заррин чаҳор
Дамодам бидоданд бар Гургсор.
В-аз он пас бад-ӯ гуфт, к-«Эй тирабахт,
Расонам туро ман ба тоҷу ба тахт.
Гар эдун ки ҳар ч-ат бипурсам, ту рост
Бигӯӣ, ҳама буми туркон турост.
Чу пирӯз гардам, супорам туро,
Ба хуршеди тобон барорам туро.
Наёзорам онро, ки пайванди туст,
Ҳам онро куҷо хешу фарзанди туст.
В-агар хеч гардӣ ба гирди дурӯғ,
Нагирад дурӯғат бари ман фурӯғ,
Миёнат ба ханҷар кунам бар ду ним,
Дили анҷуман гардад аз ту ба бим».
Чунин дод посух варо Гургсор,
Ки «Эй номвар фаррух Исфандёр,
Зи ман нашнавад шоҳ ҷуз гуфти рост,
Ту он кун, ки аз подшоҳон сазост».
Бад-ӯ гуфт: «Рӯиндиж акнун куҷост,
Ки он марз аз марзи Эрон ҷудост?