Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

539. ХОНИ ДУВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ШЕРОНРО

Ғам омад ҳаме баҳраи Гургсор Зи гургони ҷангиву Исфандёр. Бифармуд то бастаро пеши ӯй Бибурданд ларзону пур об рӯй. Се ҷоми маяш доду пурсиш гирифт, Ки «Акнун чӣ гӯӣ, чӣ бинам шигифт?» Чунин гуфт бо номвар Гургсор, Ки «Эй тоҷвар, шердил шаҳрёр, Дигар манзилат шер ояд ба ҷанг, Ки бо ҷанги ӯ барнатобад наҳанг. Уқоби диловар бар он роҳи шер Напаррад, агарчанд бошад далер». Бихандид равшандил Исфандёр, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турки носозгор, Бубинӣ, ки фардо або наррашер Чӣ гӯяд ба шамшер марди далер». Чу торик шуд шаб бифармуд шоҳ, Аз он ҷойгаҳ баргирифтанд роҳ, Шаби тира лашкар ҳаме ронд тез Ду дида пур аз хуну дил пурситез. Чу хуршед аз он чодари лоҷвард Баромад, бипӯшид дебои зард. Сипаҳбад ба ҷои далерон расид, Ба ҳомун ба пархоши шерон расид. Башутан бифармуд, к-омад ба пеш, В-аро пандҳо дод аз андоза беш. Бад-ӯ гуфт, к-«Ин лашкари сарфароз Супурдам туро, ман шудам размсоз. Биёмад, чу бо шер наздик шуд, Ҷаҳон бар дили шер торик шуд. Яке нарра буду дигар модашер, Бирафтанд пархошҷӯю далер. Чу нар андаромад, яке теғ зад, Бишуд ранги рӯяш чу ранги бусад. Зи сар то миёнаш ба ду ним гашт, Дили шери мода пур аз бим гашт. Чу ҷуфташ барошуфту омад фароз, Яке теғ зад бар сараш сарфароз.