540. ХОНИ СЕВУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР АЖДАҲОРО
Бифармуд, то пеши ӯ Гургсор
Биёмад бадандешу бадрӯзгор.
Се ҷоми маи лаълфомаш бидод,
Чу Аҳриман аз ҷоми май гашт шод,
Бад-ӯ гуфт к-«Эй марди бадбахту хор,
Зи дидори фардо чӣ дорӣ, биёр»?
Чу оташ ба пайкор биштофтӣ,
Чунин бар балоҳо гузар ёфтӣ.
Надонӣ, ки фардо чӣ ояд-т пеш,
Бубахшой бар бахти бедори хеш.
В-аз эдар чу фардо ба манзил расӣ,
Яке кор пеш аст аз ин як басе.
Яке аждаҳо пешат ояд дижам,
Ки моҳӣ барорад зи дарё ба дам.
Ҳаме оташ афрӯзад аз коми ӯй,
Яке кӯҳи хорост андоми ӯй,
Аз ин роҳ агар бозгардӣ, равост,
Равонам бар ин панди ман-бар гувост.
Дареғат наёяд ҳаме хештан,
Сипоҳе шуда з-ин нишон анҷуман».
Чунин дод посух, ки «Эй баднишон,
Ба бандат ҳаме бурд хоҳам кашон.
Бубинӣ чунин тезчанг аждаҳо
Зи шамшери тезам наёбад раҳо.
Бифармуд, то дургарон оваранд,
Сарафроз чӯби гарон оваранд.
Яке нағз гардуни чӯбин бисохт,
Ба гирдаш - дарун теғҳо дарнишохт.
Ба сар - бар яке кард сандуқи нағз,
Биёрост он дургари покмағз.
Ба сандуқ - дар марди дайҳимҷӯй
Ду аспи гаронмоя баст андар ӯй.
Нишаст озмунро ба сандуқ шоҳ,
Замоне ҳаме ронд аспон ба роҳ.
Зиреҳдор бо ханҷари кобулӣ,
Ба сар барниҳода кулоҳи ялӣ.