Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

541. Чу шуд ҷанги он аждаҳо сохта

Ҷаҳонҷӯй аз он ранҷ пардохта, Ҷаҳон гашт чун рӯи зангӣ сиёҳ, Зи бурҷи ҳамал тоҷ бинмуд моҳ. Нишаст аз бари шӯлак Исфандёр, Бирафт аз пасаш лашкари номдор. Дигар рӯз чун гашт равшан ҷаҳон, Дурафши шаби тира шуд дар ниҳон, Бипӯшид ҷавшан ҷаҳондори гурд, Сипаҳро ба фаррух Башутан супурд. Биёвад гардуну сандуқ шер, Нишаст андар ӯ шаҳрёри далер. Ду аспи гаронмоя баст андар ӯй, Сӯи аждаҳо тез бинҳод рӯй. Зи дур аждаҳо бонги гардун шунид, Хиромидани аспи ҷангӣ бидид, Зи ҷой андаромад чу кӯҳи сиёҳ, Ту гуфтӣ, ки торик шуд меҳру моҳ. Ду чашмаш чу ду чашма тобон зи хун, Ҳаме оташ омад зи комаш бурун. Даҳан боз карда чу ғори сиёҳ, Ҳаме кард ғуррон бад-ӯ - дар нигоҳ. Чу Исфандёр он шигифтӣ бидид, Ба Яздон паноҳиду дам даркашид. Ҳаме ҷуст асп аз газандаш раҳо, Ба дам даркашид аспро аждаҳо. Фурӯ бурд гардуну аспон ба ҳам, Ба сандуқ - дар гашта ҷангӣ дижам Ба комаш чу он теғҳо дарбимонд, Чу дарёи хун аз даҳан барфишонд. На берун тавонист кардан зи ком, Чу шамшер буд теғу комаш ниём. Зи гардуну аз теғҳо шуд ғамӣ, Ба зӯр андаромад-ш лахте камӣ. Баромад зи сандуқ гурди далер, Яке тез шамшер дар чанги шер. Ба шамшер мағзаш ҳаме кард чок, Ҳаме дуду заҳраш баромад зи хок. Аз он дуду он заҳр мадҳуш гашт,