542. ХОНИ ЧАҲОРУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР ЗАНИ ҶОДУРО
Саропарда зад бар лаби об шоҳ,
Ҳама хайма зад гирдаш - андар сипоҳ.
Май овард бар хону майхора хост,
Ба ёди ҷаҳондор бар пой хост.
Бифармуд, то дар замон Гургсор
Биёмад навон пеши Исфандёр.
Маи хусравонӣ се ҷомаш бидод,
Бихандиду з-он аждаҳо кард ёд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй мардуми бебаҳо,
Бубин он дамоҳанҷ нараждаҳо.
Аз ин пас ба манзил чӣ пеш оядам,
Куҷо ранҷу тимор беш оядам?»
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи пирӯзгар,
Ҳаме ёбӣ аз ахтари нек бар.
Чу фардо ту дар манзил оӣ фуруд,
Ба пешат зани ҷоду орад дуруд.
Ки дидаст аз ин пеш лашкар басе,
Накардаст печон равон аз касе.
Чу хоҳад, биёбон чу дарё кунад,
Зи болои хуршед паҳно кунад.
Варо ғӯл хонанд, шоҳо, ба ном,
Ба рӯзи ҷавонӣ машав пеши дом.
Ба пирӯзӣ аз аждаҳо бозгард,
Набояд, ки ном андарорӣ ба гард».
Ҷаҳонҷӯй гуфт: «Эй бади шӯхрӯй,
Зи ман ҳар чӣ бинӣ ту, фардо бигӯй.
Ки ман бо зани ҷоду он бад кунам,
Ки пушту дили ҷодувон бишканам.
Ба пирӯзии додгар як Худой
Сари ҷодувон андарорам ба пой».
Чу пероҳани зард пӯшид рӯз,
Сӯи бохтар гашт гетифурӯз,
Сипаҳ баргирифту буна барниҳод,
Зи Яздони некидиҳиш кард ёд.
Шаби тира лашкар ҳаме ронд шоҳ,
Чу хуршед бифрошт заррин кулоҳ,
Чу ёқут шуд рӯи бурҷи бара,
Бихандид рӯи замин яксара.