Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

543. ХОНИ ПАНҶУМ - КУШТАНИ ИСФАНДЁР СИМУРҒРО

Ҷаҳонҷӯй пеши ҷаҳонофарин Бимолид чанде рух андар замин. Бад-он беша андар саропарда зад, Ниҳоданд хонро, чунон чун сазад. Ба дижхим фармуд Исфандёр, Ки «Бо банд бадбахтро эдар ор!» Бибурданд ӯро бари шаҳрёр, Чу дидори ӯ дид Исфандёр, Се ҷоми маи хусравонӣ бидод, Чу шуд Гургсор аз маи лаъл шод, Бад-ӯ гуфт, к-«Эй турки баргаштабахт, Сари пири ҷоду бубин бар дарахт, Ки гуфтӣ, ки ҳомун чу дарё кунад, Сари хешро бар сурайё кунад. Дигар манзил акнун чӣ бинам шигифт, К-аз ин ҷоду андоза бояд гирифт». Чунин дод посух варо Гургсор, Ки «Эй пили ҷангӣ гаҳи корзор, Бад-ин манзилат кор душвортар, Гирояндатар бошу бедортар. Яке кӯҳ бинӣ сар андар ҳаво, Бар ӯ-бар яке мурғ фармонраво. Ки Симурғ хонад варо корҷӯй, Чу паррандакӯҳест пайкорҷӯй. Агар пил бинад, барорад ба чанг Зи дарё наҳангу ба хушкӣ паланг. Набинад зи бардоштан ҳеч ранҷ, Мар ӯро чу гургу чу ҷоду масанҷ. Ду баччаст бо ӯ ба болои ӯй Ҳамон рой пайваста бо рои ӯй. Чу ӯ дар ҳаво рафт, густурд пар, Надорад замин тӯшу хуршед фар. Агар бозгардӣ, бувӣ судманд, Наёзӣ ба Симурғу кӯҳи баланд». Таҳамтан бихандиду гуфт: «Эй шигифт, Ба пайкон бидӯзам мар ӯро ду кифт. Бибуррам ба шамшери ҳиндӣ бараш, Ба хок андарорам зи боло сараш».