544. ХОНИ ШАШУМ - ГУЗАШТАНИ ИСФАНДЁР АЗ БАРФ
В-аз он пас бифармуд то Гургсор
Биёмад бари номвар шаҳрёр.
Бидодаш дамодам се ҷоми набид,
Рухаш шуд ба сони гули шанбалид.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй бадтани бадниҳон,
Нигаҳ кун бад-ин кори гардон ҷаҳон.
На Симурғ пайдо, на шеру на гург,
На он тезчанг аждаҳои сутург».
Ба овоз гуфт он замон Гургсор,
Ки «Эй номвар, фаррух Исфандёр.
Туро ёр буд Эзад, эй некбахт,
Ба бор омад он хусравонӣ дарахт.
Яке кор пеш аст фардо, ки мард
Наандешад аз рӯзгори набард.
На гурзу камон ёдат ояд, на теғ,
Набинӣ дари ҷангу роҳи гуреғ.
Ба болои як найза барф оядат,
Ба рух рӯзгори шигарф оядат.
Бимонӣ ту бо лашкари номдор
Ба барф - андар, эй фаррух Исфандёр.
Агар боз гардӣ набошад шигифт,
Зи гуфтори ман кин набояд гирифт.
Ҳаме вижа дар хуни лашкар шавӣ,
Ту пайдорӣ аз роҳи дигар шавӣ.
Маро ин дуруст аст, к-аз боди сахт
Бидаррад замину бибуррад дарахт.
В-аз он пас, ки андар биёбон расӣ,
Яке манзил ояд ба фарсанг сӣ.
Ҳама рег тафт аст бо хоку шах,
Бар ӯ нагзарад мурғу мӯру малах.
Набинӣ ба ҷое яке қатра об,
Заминаш ҳаме ҷӯшад аз офтоб.
На бар хоки ӯ шер ёбад гузар,
На андар ҳаво каргаси тезпар.
На бар шахху регаш бирӯяд гиё,
Заминаш равонрег чун тӯтиё.
Биронӣ бар ин гуна фарсанг чил,
На бо мард ҷону на бо асп дил.