545. ХОНИ ҲАФТУМ - ГУЗАШТАНИ ИСФАНДЁР АЗ РӮД ВА КУШТАН ГУРГСОРРО
Чу як пос аз тирашаб даргузашт,
Хурӯши ҷалаб омад аз пеши дашт.
Бихандид бар борагӣ шоҳи нав,
Зи қалби сипаҳ рафт то пешрав.
Сипаҳдор чун пеш лашкар кашид,
Яке жарфдарёи бебун бидид.
Ҳаюне ки буд андар он корвон,
Куҷо пешрав доштӣ сорвон,
Ҳаме пешрав ғарқа гашт андар об,
Сипаҳбад бад-ӯ чанг зад дар шитоб,
Гирифташ дар он, баркашидан зи гил
Битарсид бадхоҳ турки Чигил.
Бифармуд то Гургсори нажанд
Шавад доғдил пеш бо пойбанд.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй Римани хоксор,
Чӣ кажжӣ ба кор оваридӣ чу мор?
Нагуфтӣ, ки эдар наёбӣ ту об,
Бисӯзад туро тобиши офтоб?
Чаро кардӣ, эй бадтан аз об хок,
Сипаҳро ҳама карда будӣ ҳалок?»
Чунин дод посух, ки «Марги сипоҳ
Маро рӯшноист чун ҳуру моҳ.
Набинам ҳаме аз ту ҷуз пойбанд
Чӣ хоҳам туро ҷуз балову газанд?»
Сипаҳбад бихандиду букшод чашм,
Фурӯ монд аз он турку нанмуд хашм.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй камхирад Гургсор,
Чу пирӯз гардам ман аз корзор,
Ба рӯиндижат-бар сипаҳбад кунам,
Мабодо, ки ҳаргиз ба ту бад кунам.
Ҳама подшоҳӣ саросар турост,
Чу бо ман кунӣ дар сухан рой рост.
Наёзорам онро, ки фарзанди туст,
На онро, ки ӯ низ пайванди туст».
Чу бишнид гуфтори ӯ Гургсор,
Пуруммед шуд ҷонаш аз шаҳрёр.
Зи гуфтори ӯ монд андар шигифт,
Заминро бибӯсиду пӯзиш гирифт.