Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

546. РАФТАНИ ИСФАНДЁР БА РӮИНДИЖ БО ҶОМАИ БОЗОРГОН

В-аз он ҷо биёмад ба пардасарой, Зи бегона пардахт карданд ҷой. Башутан бишуд назди Исфандёр, Сухан рафт ҳар гуна аз корзор. Чунин гуфт ҷангӣ, ки «Ин диж ба ҷанг Ба соли фаровон наёяд ба чанг. Магар хор гирам тани хешро, Яке чора созам бадандешро. Ту эдар шабу рӯз бедор бош, Сипаҳро зи душман нигаҳдор бош. Тан он гаҳ бувад бегумон арҷманд, Сазовори шоҳиву тахти баланд, К-аз анбӯҳи душман натарсад ба ҷанг, Ба кӯҳ аз палангу ба об аз наҳанг. Ба ҷое фиребу ба ҷое ниҳеб, Гаҳе бар фарозу гаҳе дар нишеб. Чу бозоргонон дар ин диж шавам, Надонад кас аз диж, ки ман паҳлавам. Фароз оварам чора аз ҳар даре, Бихонам зи ҳар донише дафтаре. Ту бе дидбону талоя мабош, Зи ҳар донише сустмоя мабош. Агар дидбон дуд бинад ба рӯз, Шаб оташ чу хуршеди гетифурӯз, Чунон дон, ки он коркарди ман аст, На аз чораи ҳамнабарди ман аст. Сипаҳро биёрою з-эдар бирон, Зиреҳдор бо хӯду гурзи гарон. Дурафши маро зуд бар пой кун, Ту худро ба қалб-андарун ҷой кун. Бирон тез бо гурзаи говсор, Чунон кун, ки хонандат Исфандёр». В-аз он ҷойгаҳ сорвонро бихонд, Ба пеши Башутан ба зону нишонд. Бад-ӯ гуфт: «Сад боркаш сурхмӯй Биёвар сазовор бо рангу бӯй». Аз ӯ даҳ шутур бор динор кард, Дигар панҷ дебои Чин бор кард.