Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

547. ШИНОХТАНИ ХОҲАРОН ИСФАНДЁРРО

Чу хуршеди тобон зи гунбад бигашт, Харидори бозори вай даргузашт, Ду хоҳар-ш рафтанд аз айвон ба кӯй, Ғиревону бар кифтҳо - бар сабӯй. Ба наздики Исфандёр омаданд, Даридадилу хоксор омаданд. Чу Исфандёр он шигифтӣ бидид, Ду рух кард аз хоҳарон нопадид. Шуд аз кори эшон дилаш пур зи бим, Бипӯшид рух б-остини гилем. Бирафтанд ҳарду ба наздики ӯй, Зи дида ниҳода ба рух-бар ду ҷӯй. Ба хоҳиш гирифтанд бечорагон Аз он моявар марди бозоргон, Ки «Рӯзу шабон бар ту фархунда бод, Ҳама меҳтарон пеши ту банда бод. Аз Эрон зи Гуштоспу Исфандёр Чӣ огоҳият, эй гави номдор? Бад-ин сон ду духти яке подшо Асирем дар дасти нопорсо. Бараҳна сару пову дӯшобкаш, Падар шодмон рӯзу шаб хуфта х(в)аш. Бараҳна давон бар сари анҷуман, Хунук он ки пӯшад танашро кафан. Бигирйем чунин ба хунин сиришк, Ту бошӣ бад-ин дард моро пизишк. Гар огоҳӣ аз шоҳ в-аз шаҳри мо Бар ин бум тарёк шуд заҳри мо. Яке бонг барзад ба зери гилем, Ки ларзон шуданд он ду духтар зи бим, Ки «Исфандёр аз буна худ мабод, На он кас ба гетӣ, к-аз ӯ ҳаст шод. На Гуштосп он шоҳи бедодгар, Ки чун ӯ мабинод тоҷу камар! Набинед, к-эдар фурӯшандаам, Зи баҳри хури хеш кӯшандаам». Чу овоз бишнид фаррух Ҳумой, Бидонисту омад дилаш боз ҷой.