548. ҲАМЛА КАРДАНИ БАШУТАН БА РӮИНДИЖ
Шаб омад, яке оташе барфурӯхт,
Ки таффаш ҳаме осмонро бисӯхт.
Чу аз дидагаҳ дидбон бингарид,
Ба шаб оташу рӯз пурдуд дид,
Зи ҷое ки буд, шодмон бозгашт,
Ту гуфтӣ, ки бо бод анбоз гашт.
Чу аз роҳ назди Башутан расид,
Бигуфт, он чӣ аз оташу дуд дид.
Башутан чунин гуфт, к-«Аз пилу шер
Ба мардӣ фузун аст гурди далер.
Бизад нои сарғину рӯинахум,
Баромад зи дар нолаи говдум.
Зи ҳомун баромад сӯи диж сипоҳ,
Шуд аз гард хуршеди тобон сиёҳ.
Ҳама зери хафтону хӯд-андарун
Ҳаме аз ҷигаршон биҷӯшид хун.
Ба диж чун хабар шуд, ки омад сипоҳ,
Ҷаҳон нест пайдо зи гарди сиёҳ,
Ҳама диж пур аз номи Исфандёр,
Дарахти бало ҳанзал овард бор.
Бипӯшид Арҷосп хафтони ҷанг,
Бимолид бар ҷанг бисёр чанг.
Бифармуд то Кӯҳрами шергир
Барад лашкару гурзу шамшеру тир.
Ба Тархон чунин гуфт, к-«Эй сарфароз,
Бирав тез бо лашкари размсоз.
Бубар номдорони диж даҳ ҳазор
Ҳама размҷӯёну ханҷаргузор.
Нигаҳ кун, ки ин ҷангҷӯён кианд,
Дар ин тохтан сохта бар чианд».
Сарафроз Тархон биёмад давон
Бад-ин рӯи диж бо яке тарҷумон.
Сипаҳ дид бо ҷавшану сози ҷанг,
Дурафши сияҳ, пайкари ӯ паланг.
Сипаҳкаш Башутан ба қалб-андарун
Сипоҳаш ҳама даст шуста ба хун.
Ба чанг-андарун гурзи Исфандёр,
Ба зер-андарун бораи номдор.