549. КУШТАНИ ИСФАНДЁР АРҶОСПРО
Чу ториктар шуд шаб, Исфандёр
Бипӯшид нав ҷомаи корзор.
Сари банди сандуқҳо баркушод,
Яке то бар он бастагон ҷуст бод.
Кабобу май оварду ҳам хӯрданӣ,
Ҳамон ҷомаи разму пӯшиданӣ.
Чунон хӯрда шуд ҳар якеро се ҷом,
Май оварду гаштанд аз он шодком.
Ҳаме гуфт: к-«Имшаб шабе пурбалост,
Агар ном гирем аз эдар сазост.
Бикӯшеду кирдори мардон кунед,
Паноҳ аз балоҳо ба Яздон кунед».
В-аз он пас ялонро ба се баҳра кард,
Ҳар он кас, ки ҷустанд нангу набард.
Яке баҳра з-эшон миёни ҳисор,
Ки ҷӯянд бо ҳар касе корзор.
Дувум баҳра то бар дари диж шаванд,
Зи пайкору хун рехтан нағнаванд.
Севум беҳраро гуфт аз он саркашон
Набояд, ки ёбам аз ин пас нишон.
Ки буданд бо ман ҳама дӯш маст,
Сароншон ба ханҷар бибурред паст.
Худу бист мард аз далерони гурд,
Бишуд тез, дигар бар эшон супурд.
Ба даргоҳи Арҷосп омад далер,
Зиреҳдору ғуррон ба кирдори шер.
Чу бонги хурӯш омадаш дар сарой,
Давон пеши озода омад Ҳумой,
Або хоҳари хеш Беҳофарид,
Ба хуни мижа ҳарду рух нопадид.
Чу омад ба танг-андар Исфандёр,
Ду пӯшидаро дид чун навбаҳор.
Чунин гуфт бо хоҳарон шермард,
К-«Аз эдар бипӯед бар сони гард.
Бад-он ҷо, ки бозоргоҳи ман аст,
Басе зарру сим асту роҳи ман аст,
Бибошед то ман бад-ин размгоҳ
Агар сар диҳам, гар ситонам кулоҳ».