Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

550. КУШТАНИ ИСФАНДЁР КӮҲРАМРО

Чу моҳ аз бари тахти симин бигашт, Се пос аз шаби тира андаргузашт, Ҳаме посбон бархурӯшид сахт, Ки «Гуштоспшоҳ аст фирӯзбахт. Ҳамеша ҷавон бод Исфандёр, Варо бод чарху маҳу бахт ёр! Ки бар кини Лӯҳросп з-Арҷосп сар Бибурриду бифрӯхт оину фар. Ба хок андарафканд шаҳро зи тахт, Барафрохт Гуштоспро ному бахт». Чу туркон шуниданд аз ин сон хурӯш, Ниҳоданд яксар ба овоз гӯш. Дили Кӯҳрам аз дидбон тира гашт. Равонаш зи овози ӯ хира гашт. Чу бишнид то Андаримон бигуфт, Ки «Тирашаб овоз натвон нуҳуфт. Чӣ гӯӣ, ки имшаб чӣ шояд будан, Бибояд ҳама достонҳо задан. Кӣ ёрад кушодан бад-ин гуна лаб Ба болини шоҳе чунин тирашаб. Чӣ бозӣ кунад посбон рӯзи ҷанг, Бад-ин номдорон шавад кор танг. Бибояд фиристод то ҳар ки ҳаст Сарашро ба ханҷар бибурданд паст. Агар душмани мо бувад хонагӣ, Биҷӯяд ҳаме рӯзи бегонагӣ. Ба овози бадгуфтану фоли бад Бикӯбем мағзаш ба кӯполи бад». Чу з-ин гуна овоз пайваста шуд, Дили Кӯҳрам аз посбон хаста шуд. Зи бас наъра аз ҳар сӯе з-ин нишон Пуровоз шуд гӯши гарданкашон. Сипаҳ гуфт: «Овоз бисёр гашт, Аз андозаи посбон баргузашт. Кунун душман аз хона берун кунем В-аз он пас бар ин лашкар афсун кунем». Дили Кӯҳрам аз посбон танг шуд, Бупечиду рӯяш пурожанг шуд.