551. НОМА НАВИШТАНИ ИСФАНДЁР БА ГУШТОСП ВА ПОСУХИ Ӯ
Дабири нависандаро пеш хонд
В-аз он чораву ҷанг лахте биронд.
Бари тахт биншаст фаррух дабир,
Қалам хост аз турку чинӣ ҳарир.
Нахустин, ки нӯки қалам шуд сиёҳ,
Гирифт офарин бар Худованди моҳ.
Худованди кайвону ноҳиду ҳур,
Худованди пилу Худованди мӯр.
Худованди пирӯзиву фарраҳӣ,
Худованди дайҳиму шоҳаншаҳӣ.
Худованди некидиҳу раҳнамой
Худованди ҷою Худованди рой.
Аз ӯ ҷовидон номи Гуштосп бод,
Ба мину ҳама коми Лӯҳросп бод!
Расидам ба роҳе ба Туронзамин,
Ки ҳаргиз нахонам бар ӯ офарин.
Агар баркушоям саросар сухан,
Сари марди нав гардад аз ғам куҳан.
Чу дастур бошад маро шаҳрёр,
Бихонам бар ӯ чораи корзор.
Ба дидори ӯ шоду беғам шавам
В-аз ин ранҷи дерина хуррам шавам.
В-аз он чораҳое ки ман сохтам,
Ки то дил зи кина бипардохтам.
Ба Рӯиндиж Арҷоспу Кӯҳрам намонд,
Ҷуз аз мӯяву дарду мотам намонд.
Касеро надодам ба ҷон зинҳор,
Гиё дар биёбон сар овард бор.
Ҳама мағзи мардум хурад шеру гург,
Ҷуз аз дил наҷӯяд паланги сутург.
Фалак равшан аз тоҷи Гуштосп бод,
Замин гулшан аз шоҳ Лӯҳросп бод!
Чу бар нома-бар мӯҳри Исфандёр
Ниҳоданду ҷастанд чанде савор.
Ҳаюнони кафкафкани тезрав,
Ба Эрон фиристод солори нав.
Бимонд аз паи посухи номаро,
Бикушт оташи марди худкомаро.