552. БОЗГАШТАНИ ИСФАНДЁР НАЗДИ ГУШТОСП
Чу он нома бархонд Исфандёр,
Бубахшид динор, барсохт кор.
Ҷуз аз ганҷи Арҷосп чизе намонд,
Ҳама ганҷи хешони ӯ барфишонд.
Сипоҳаш ҳам аз ӯ тавонгар шуданд,
Аз андозаи кор бартар шуданд.
Шутур буду аспон ба дашту ба кӯҳ
Ба доғи сипаҳдори Туронгурӯҳ.
Ҳаюн хост аз ҳар сӯе даҳ ҳазор
Пароканда дар дашту дар кӯҳсор.
Ҳазор уштур аз ганҷи динори шоҳ
Чу сесад зи дебову тахту кулоҳ.
Сад аз мушк в-аз анбару гавҳарон,
Сад аз тоҷ в-аз номвар афсарон,
Аз афканданиҳои дебо ҳазор
Бифармуд то барниҳоданд бор.
Чу сесад шутур ҷомаи чиниён
Зи махруту мадҳуну аз парниён.
Иморӣ бисечид дебо ҷулайл
Канизак бибурданд чинӣ ду хайл.
Ба рух чун баҳору ба болой сарв,
Миёнҳо чу ғарву ба гаштан тазарв.
Або хоҳарони ял Исфандёр
Бирафтанд бутрӯй сад номдор.
Зи пӯшидарӯёни Арҷосп панҷ
Бирафтанд бо мӯяву дарду ранҷ.
Ду хоҳар, ду духтар, яке модараш,
Пур аз дард бо сӯгу хаста бараш.
Пас оташ ба Рӯиндиж-андар фиканд,
Забона баромад ба чархи баланд.
Ҳама бораи диж бизад бар замин,
Баровард гард аз бару буми Чин.
Се пури ҷавонро сипаҳ доду гуфт
Пароганда бошеду бо бахт ҷуфт.
Ба роҳ ар касе сар бупечад зи дод,
Сароншон ба ханҷар бибурред шод.
Шумо роҳ сӯи биёбон баред,
Синонҳо ба хуршеди тобон баред.