Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

553. ДОСТОНИ РАЗМИ ИСФАНДЁР БО РУСТАМ ОҒОЗИ ДОСТОН

Зи булбул шунидам яке достон, Ки бархонд аз гуфтаи бостон, Ки чун маст боз омад Исфандёр, Дижам гашта аз хонаи шаҳрёр, Катоюни Қайсар, ки буд модараш, Гирифта шаби тира андар бараш. Чу аз хоб бедор шуд ними шаб Яке ҷоми май ҷусту букшод лаб, Чунин гуфт бо модар Исфандёр, Ки « Бо ман ҳаме бад кунад шаҳрёр. Маро гуфт чун кини Лӯҳроспшоҳ Бихоҳӣ ба мардӣ зи Арҷоспшоҳ, Биёрӣ ту мар хоҳаронро зи банд, Кунӣ номи моро ба гетӣ баланд, Ҷаҳон аз бадон пок бехав кунӣ, Бикӯшиву ороиши нав кунӣ, Ҳама подшоҳиву лашкар турост. Ҳамон ганҷ бо тахту афсар турост. Кунун чун барорад сипеҳр офтоб, Сари шоҳ бедор гардад зи хоб, Бигӯям бад-ӯ он суханҳо, ки гуфт, Зи ман ростиҳо набояд нуҳуфт. Агар тоҷи шоҳӣ супорад ба ман, Парастиш кунам чун бутонро шаман. В-агар ҳеч тоб андарорад ба чеҳр, Ба Яздон, ки бар пой дорад сипеҳр, Агар на ман он тоҷ бар сар ниҳам, Ба эрониён ганҷу кишвар диҳам. Туро бонуи шаҳри Эрон кунам, Ба зӯру ба дил кори шерон кунам». Ғамӣ шуд зи гуфтори ӯ модараш, Ҳама парниён хор шуд дар бараш. Бидонист, к-он ганҷу тахту кулоҳ Набахшад бад-ӯ номбардор шоҳ. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй ранҷдида писар, Зи гетӣ чӣ ҷӯяд дили тоҷвар? Ҳама ганҷу фармону рои сипоҳ Ту дорӣ, бар ин - бар фузунӣ махоҳ.