554. ХОСТАНИ ИСФАНДЁР ПОДШОҲИРО АЗ ПАДАР
Чу баргашт шаб гирд карда инон,
Сапеда баровард рахшон синон,
Нишаст аз бари тахти зар шаҳрёр,
Бишуд пеши ӯ фаррух Исфандёр.
Ҳаме буд пешаш парасторфаш,
Пурандешаву даст карда ба каш.
Чу дар пеши шоҳ анҷуман шуд сипоҳ.
Зи номоварону зи гурдони шоҳ,
Ҳама мӯбадон пеши тахташ рада,
Ҳам испаҳбадон пеши ӯ саф зада.
Пас Исфандёр он гави пилтан
Баровард аз дард он гаҳ сухан.
Бад-ӯ гуфт: «Шоҳо, анӯша бадӣ,
Туро бар замин фарраи эзадӣ.
Сари доду меҳр аз ту пайдо шудаст,
Ҳамон тоҷу тахт аз ту зебо шудаст.
Туро, эй падар, ман яке бандаам,
Ҳама б-орзӯи ту пӯяндаам.
Ту донӣ, ки Арҷосп аз баҳри дин
Биёмад чунон бо саворони Чин
Бихӯрдам ман он сахт савгандҳо,
Чу пазруфтам он эзадӣ пандҳо,
Ки ҳар кас, ки орад бад-ин дин шикаст,
Дилаш тоб гирад, шавад бутпараст,
Миёнаш ба ханҷар кунам бар ду ним,
Набошад маро аз касе тарсу бим.
В-аз он пас, ки Арҷосп омад ба ҷанг,
Набаргаштам аз ҷанги ҷангипаланг.
Маро хор кардӣ ба гуфти Гуразм,
Чу ҷоми каӣ доштӣ рӯзи базм.
Бубастӣ тани ман ба банди гарон,
Ба занҷиру мисмори оҳангарон.
Сӯи Ганбадондиж фиристодиям,
Зи хорӣ ба бегонагон додиям.
Ба Зобул шудӣ, Балх бугзоштӣ,
Ҳама размро базм пиндоштӣ.
Надидӣ ҳамон теғи Арҷоспро,
Фикандӣ ба хун шоҳ Лӯҳроспро.