Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

555. ПОСУХ ДОДАНИ ГУШТОСП ПИСАРРО

Ба фарзанд посух чунон дод шоҳ, Ки «Аз ростӣ бугзарӣ, нест роҳ. Аз ин беш кардӣ, ки гуфтӣ ту кор, Ки ёри ту бодо ҷаҳонкирдгор. Набинам кунун душмане дар ҷаҳон, На дар ошкоро, на андар ниҳон, Ки номи ту ёбад, на печон шавад, Чӣ печон? Ҳамоно, ки беҷон шавад. Ба гетӣ надорӣ касеро ҳамол, Магар пурҳунар номвар пури Зол, Ки ӯрост то ҳаст Зобулситон, Ҳамон Бусту Ғазнину Кобулситон. Ба мардӣ ҳамон з-осмон бугзарад, Ҳаме хештан кеҳтаре нашмарад. Бупечад зи рою зи фармони ман, Сар андарнаёрад ба паймони ман. Ҳамон пеши Ковуси кай банда буд, Зи Кайхусрав андар ҷаҳон зинда буд. Ба шоҳӣ зи Гуштосп ронад сухан, Ки ӯ тоҷ нав дораду ман куҳан. Ба гетӣ туро нест кас ҳамнабард Зи румиву туриву озодмард. Сӯи Систон рафт бояд кунун, Ба кор оварӣ ҷангу рангу фусун. Бараҳна кунӣ теғу кӯполро, Ба банд оварӣ Рустами Золро. Завора, Фаромарзро ҳамчунин Намонӣ, ки кас барнишинад ба зин. Ба додори гетӣ, ки ӯ дод зӯр, Фирӯзандаи ахтару моҳу ҳур, Ба Занду ба Зардушту дини беҳӣ, Ба Нӯшозару озару фарраҳӣ, Ки чун ин суханҳо ба ҷо оварӣ, Зи ман нашнавӣ з-он сипас доварӣ. Супорам туро ганҷу тахту кулоҳ, Нишонам-т бо тоҷ дар пешгоҳ». Чунин посух овардаш Исфандёр, Ки «Эй пурҳунар номвар шаҳрёр,