Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

556. ПАНД ДОДАНИ КАТОЮН ИСФАНДЁРРО

Катоюни хуршедрух пур зи хашм, Ба пеши писар шуд пур аз об чашм. Чунин гуфт бо фаррух Исфандёр, Ки «Эй аз ялони ҷаҳон ёдгор, Зи Баҳман шунидам, ки аз гулситон Ҳаме рафт хоҳӣ ба Зобулситон. Бубандӣ ҳаме Рустами Золро, Худованди шамшеру кӯполро. Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш, Ба бад тез маштобу бар бад макӯш! Саворе, ки бошад ба нерӯи пил Ба пайкор хор оядаш рӯди Нил. Бидаррад ҷигаргоҳи деви сапед, Зи шамшери ӯ гум кунад роҳ шед. Ҳам ӯ шоҳи Ҳомоваронро бикушт, Наёраст гуфтан кас ӯро дурушт. Ба кини Сиёвуш зи Афросиёб, Зи хун кард гетӣ чу дарёи об. Аз он гурд чандон, ки гӯям сухун, Ҳунарҳош ҳаргиз наёяд ба бун. Мадеҳ аз паи тоҷ сарро ба бод, Ки бо тоҷ худ кас зи модар назод. Падар пир гаштасту барно туӣ, Ба зӯру ба мардӣ тавоно туӣ. Сипаҳ яксара бар ту доранд чашм, Маяфкан танат дар балоҳо ба хашм. Ҷуз аз Систон дар ҷаҳон ҷой ҳаст, Ҷавонӣ макун, тез манмой даст. Маро хоксори ду гетӣ макун, Аз ин меҳрубо мом бишнав сухун». Чунин посух овардаш Исфандёр, Ки «Эй меҳрубон, ин сухан ёд дор. Ҳамон аст Рустам, ки донӣ ҳаме, Ҳунарҳош чун Занд хонӣ ҳаме. Накӯкортар з-ӯ ба Эрон касе Наёяд падид, ар биҷӯй басе. Мар ӯро ба басташ набошад сазо, Чунин бад на хуб ояд аз подшо.